Карнай ва сурнай-ин ду асбоби мусиқӣ бо эҳсоси фараҳ ва шодию хурсандӣ тавъам буда, ягон тӯй ё маъракае нест, ки мардуми тоҷику ӯзбек онро бе навои шодифизояш гузаронанд.
Вақте келин меорем, карнаю сурнай менавозем, вақте духтар ба шавҳар медиҳем, карнаю сурнай мезанем, вақте дар хонадоне тифли навзоде ба дунё меояд, маҳз бо навои карнаю сурнай аз шодиву нишоти худ ба дигарон паём медиҳанд, вақте писараконро хатнатӯй мекунанд, мардумро бо навои карнаю сурнай ба маърака даъват мекунанд, ҳатто аксари чорабиниҳои расмии давлатию ҳукуматӣ низ бо навои карнаю сурнай сар мешаванд...
Карнаю сурнай таърихи чандинҳазорсола дошта, асбобҳои мусиқии шоҳона ба шумор мераванд. Таърихи пайдоиши ин асббҳо ба асри сангу мис (энеолит) алоқамандӣ дорад. Чун инсоният дар давраи гузариш аз асри санг ба асри биринҷӣ қарор гирифт, сохтани олоти лозимаро аз мис омӯхт ва бо мурури замон сохтани карнаю сурнайро ёд гирифт, вале имрӯзҳо шумораи нафароне, ки бо ҳунари мисгарӣ шуғл меварзанд, ниҳоят кам буда, ин ҳунар қариб аз байн рафтааст.
Мо бо охирон намояндаи сулолаи мисгарон, усто Мирзо Мансуров сӯҳбат намудем.
Ним асре ки сарфи ҳунармандӣ шуд
Қаҳрамони мо 72-сол дошта, 50-соли умри пурбаракаташро ба рушду такомули ҳунари мисгарӣ бахшидааст. Усто Мирзо Мансуровро натанҳо дар Тоҷикистон, блки дар қумҳуриҳои ҳамсояамон-Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ чун мисгари асил мешиносанду ҳурмат мекунанд, зеро маҳсули дасти ӯ дар бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳ ва мақоми махсусеро соҳиб аст.
"Мисгарӣ барои ман пешаи авлодӣ ба шумор меравад. Дар ёдам ҳаст, ки чи тавр ҳанӯз аз синни 7-8 солагӣ падарам ба ман нозукиҳои ҳунари мисгариро меомӯзониданд. Азбаски дар оила ман фарзанди калонӣ будам, тамоми сайъу кӯшиши худро барои омӯхтани ин касб равона кардам. Он вақтҳо ба чойҷӯш, офтоба, тағора, шамъдон, қаламдон, ва дигар ҷиҳози рӯзғор, ки аз мис сохта мешуданд, талабот хеле зиёд буд, вале шумораи ҳунармандони мисгар ҳам кам набуд. Аз ҳамин сабаб ҳар як ҳунарманд барои бозоргир шудани маҳсулоти худ онро бо тарзу шакли нав пешниҳоди харидорон менамуд. Дар хона модарам ва хоҳаронам чизҳои сохтаи моро кандакорӣ карда мунаққаш месохтанд. Ҳамин тавр ман ба ин касб меҳр мондам ва зиёда аз 50 - сол мешавад, ки бо ин пеша машғулам." - мегӯяд ин устои мисгар.
Аз таҷдиди карнайҳои асри VII-XII
то эҷоди карнайҳои замонавӣ
Мирзо Мансуров бо пешниҳоди санъатшинос Наим Ғаниевич ва собиқ раиси фарҳанги Вилоятм Сӯғд Одилҷон Назаров якчанд намуди карнайҳои даврони Сомониёнро эҳё кардааст.
"Давраи ҳукмронии Сомониён замоне буд, ки мардум дар осудаҳолӣ умр ба сар мебурданд. Ҳамчунин он вақт рушди илму ҳунар ба авҷи аълояш расида буд, аммо бо мурури замон, вақте дигар сулолаҳо ба сари қудрат омаданд, як -як сафи ҳунармандон кам шуда, аксари чизҳои таърихии мо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд. Бо талошу заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат, мо тавонистем таърихи гузаштаи худро аз нав эҳё намоем. Таҷдиди карнайҳои қарнҳои VII - XII низ бо пешниҳоди Наим Ғаниевич ва Одилҷон Назаров сар шуда буд. Вақте Наимҷон осорхонаи кадом кишвареро тамошо мекунанд, нигоҳашон ба карнайҳои таърихии миллати мо меафтад. Он кас карнайҳоро аксбардорӣ мекунанд. Ҳамон аксҳоро ба ман нишон дода пешниҳод намуданд, ки онро таҷдид намоям. Чун карнайҳо танҳо дар расм буданду халос, сохтанашон душвор ва вақти зиёдеро талаб мекард. Билохира, бо гузашти ду сол тавонистам онҳоро эҳё намоям. Имрӯз ин карнайҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, бо номҳои аслиашон "Каҷкарнай", "Карнайи шикаста", "Шайпур", "Говдум", "Гулкарнай" ва "Бух" ҳамчун муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик нигоҳ дошта мешаванд, - қисса мекунад қаҳрамони мо.
Усто Мирзо Мансуров баробари эҳёи карнайҳои атиқа ба эҷоди карнайҳои замонавӣ низ камари ҳиммат бастааст. Ҳамзамон сурнай ва найро, ки маъмулан аз чӯб тарошида мешаванд, ба воситаи мис сохтааст, ки аллакай мавриди истифодаи санъаткорон қарор гирифтааст
Миспӯш кардани гумбазҳои маконҳои таърихӣ
Мисгарӣ касби ниҳоят васеъ мебошад. Қаҳрамони мо низ танҳо бо сохтани карнай ва ҷиҳози рӯзғор иктифо накарда, барои миспӯш кардани маконҳои таърихии Тоҷикистон камари ҳиммат бастааст. Тавре худи ӯ нақл кард:
“Дар замони истиқлолият чанд макони таърихии ватани азизамон таъмир ва азнавсозӣ карда шуданд. Саҳми банда низ дар таҷдиди онҳо ҳаст. Аз ҷумла, гумбазҳои "Қалъаи Муғ", "Мақбараи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ", "Мақбараи Ҳазрати Бурхи Сармасти Валӣ", масҷиди "Сари Мазор" мадрасаи "Боботағои Валӣ" ва даҳҳо маконҳои таърихӣ бо дасти банда миспӯш карда шудааст.
Қадрдонӣ барои эҳё ва рушди ҳунару ҳунармандӣ
Хизматҳои шоиставу шоёни марди ҳунарманд Мирзо Мансуровро ба инобат гирифта, Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бо унвони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" қадрдонӣ намудааст. Ҳамчунин барои хидмати шоистааш барои рушду эҳёи ҳунари карнайсозӣ, хосса таҷдиди шайпурҳои қарнҳои VI-XII ба ҷоизаи "Камоли Хуҷандӣ" сазовор дониста шудааст. Инчунин аз тарафи ҳукумат бо диплому сипосномаҳо қадршиносӣ гардидааст.