formula
Марде, ки 112 сол умр дид
787


Дар шаҳраки испании Леон марди пиртарини дунё Сатурнино де ла Фуэнте Гарсия дар синни 112-солагӣ фавтид. Моҳи сентябри соли 2021 Сатурнино ҳамчун инсони дарозумртарини дунё ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шуда буд.

Сатурнино де ла Фуэнте дар Пуэнте-Кастро, назди шаҳри Леон, 11 феврали соли 1909 ба дунё омада, вале зодрӯзи худро санаи 8 феврал ҷашн мегирифтааст. Соли 1936 вақте дар Испания ҷанг сар шуд, Сатурниноро барои қади паст доштанаш ба сафи артиш қабл накарда буданд. Ин марди қадаш 150 сантиметра устои мӯзадӯз буд ва барои ҳарбиён пойафзол медухт. Ин мард ҳафт духтару як писар, 14 набера ва 22 абера дошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД