Arzon Banner
МАРД ЗАНРО АЗ БӮЙЯШ МЕШИНОСАД
3020

 

Ҷавонмардон киро арӯси беҳтарин шумурда ба занӣ мегиранд?

Шавҳари хуб ёфтан имрӯз кори осон нест, зеро дар кишвари мо шумораи занҳои танҳо аз шумораи мардони муҷаррад зиёдтар аст. Мушкилии рӯзгор, муҳоҷират ва хеле барвақт ба шавҳар додани духтаракон боиси зиёд шудани занҳои бешавҳар гаштааст. Барои соҳиби бахт шудан бояд зани орзуҳои мард гашт. Мехоҳед донед, ки чӣ гуна ба дили ҷинси мард роҳ ёфта, дар ин замонаи душвор соҳиби шавҳар ва хонаи обод гаштан мумкин аст? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

 

Аксарияти бонувон бо андешаи он ки мардҳо зани зебою хушқаду қоматро дӯст медоранд, пули калон сарф карда аз мағозаҳо косметика ва либосҳои гаронбаҳо мехаранд, худро орову торо медиҳанд, моҳҳо ба азоби гуруснагӣ тоқат карда, парҳез менамоянд, вале олимон бар он назаранд, ки ин ҳама ҷонкоҳонии ҷинси латиф беҳуда аст. Тадқиқотҳо кайҳо исбот намудаанд, ки танҳо мардони булҳавас ба ҳусну малоҳати зан таваҷҷуҳ мекунанд, мардони зангир бошанд, ҳангоми интихоби ҳамсафари ҳаёт ба дигар сифатҳои арӯсшаванда диққат медиҳанд.

Зани хондагӣ беҳтар ё бесавод?

Андешаи он ки мард зани боақлро дӯст намедорад, тамоман ғалат аст. Мутахассисони сотсиология дар 30 кишвари олам пурсиш гузаронида, муайян намуданд, ки аксарияти мардҳо тафаккури занро аз ҳусну малоҳаташ болотар медонанд. Аксари ҷавонмардони соҳибмаълумот мехоҳанд зани хондагӣ гиранд. Мардҳо танҳо аз он бонувоне метарсанд, ки дараҷаи тафаккурашон аз онҳо болотар аст. Ғурури мардонаашон тақозо менамояд, ки дар оила як сару гардан аз зан болотар бошанд.

Дилрабо ё супер-модел?

Фатонату ҷозибаи зан мардро мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашад, вале мардҳо аз духтарони лӯхтакбашара метарсанд. Ба ақидаи мардон бонувони аз ҳад зиёд зебо ва хушлибос худхоҳу худпараст мешаванд. Мард гумон мекунад, ки зани олуфта рӯзи дароз назди оина нишаста, дасташро ба ягон кори хона намезанад. Аз тарафи дигар зани парӣ барин зебо гирифтан хатарнок аст. Ягон мард намехоҳад, ки дигарон ба зани мурчамиёни ӯ чашм ало карда аз пасаш кашола шаванд. Барои ҳамин мардҳо маликаҳои ҳусну малоҳатро монда ба бонувони ситорагарм хонадор мешаванд.

Меҳрубон бошӣ, хушбахт мешавӣ

Меҳрубонӣ, ҳалимӣ, мушфиқӣ сифатҳое ҳастанд, ки мард дар симои зани ояндааш дидан мехоҳад. Ҳар қадаре мард калонсол бошад, ҳамон андоза мехоҳад духтари одиву самимиеро ба занӣ гирад, то ҳамеша дарди дилашро фаҳмида, ӯро дастгирӣ карда тавонад.

Бибичаққонак

Ба ақидаи мардҳо бо зани чаққон зистан аҷиб ва гуворо аст, зеро чунин зан дар ҳама ҷо худро озод ҳис мекунад. Бонуе, ки ҳамеша бо коре машғул аст, пайваста ягон навигарӣ меёбад ва диққати мардро ба худ ҷалб карда метавонад.

Зане, ки мардро мегурезонад….

Мардҳо тобу тоқати зани худбовару мағрурро надоранд, вале зани ба худ эътимод дошта ба зудӣ таваҷҷуҳи ҷинси зарифро ба худ мекашад. Зани мустақилу дорои шаъну шараф дар назари мард ширину асрорангез ҷилва мекунад. Дили чунин бонуро ба даст овардан барои мард кайфиятбахш аст. Зан аз сурату сираташ норозӣ бошаду ҳамеша «Ман ҳам зиёд фарбеҳам? Равғани ишкамам намоён шудааст?» гӯён, саволҳои бемаънӣ додан гирад, мард ҳам ба дилкаш будани ин зан шубҳа мекунад. Зан набояд дар ҳузури мард худашро танқид намояд.

Хирсаки махмалин беҳтар ё Барбӣ?

Бонувони аз ҳад фарбеҳ ба мардҳо писанд нестанд, вале зани аз ҳад хароби ба лӯхтаки Барбӣ монанд ҳам, на ба ҳар мард маъқул мешавад. Мардони баркамол бонувони фарбеҳакро дӯст медоранду ҷавонон зани хушпайкарро орзу мекунанд. Танҳо 8% мардҳо хонумҳои ба Барбӣ монандро хуш доштаанду халос. Барои ҳамин беҳуда худро аз хӯрданиҳои лазиз маҳрум насозед. Аслан барои мард вазни зан не, қаду қомати мавзун доштанаш муҳим аст.

 

Накҳати зан

Ҳамагӣ чанд лаҳза дар паҳлӯи зан будан кофист, ки мард аз бӯйи бадани ӯ хулоса барорад, ки оё ин хонум ба ӯ хушбахтӣ ато карда метавонад ё не. Агар бӯйи табиии зан ба мард писанд наояд, на ҳусну малоҳат кӯмак мерасонаду на се маълумоти олӣ ва на сарвату боигарӣ. Мардҳо худашон инро ҳатто эҳсос накарда аз рӯйи накҳати табиии бадани зан ҳамсафари ҳаётӣ ва модари фарзандони ояндаашонро интихоб менамоянд. Ин ҳолат ғайриихтиёр рух медиҳад ва димоғро фиреб карда намешавад. Дар организми мо феромонҳо-моддаҳое коркард мешаванд, ки дар ҷинси муқобил рағбати ҷинсиро бедор менамоянд. Аз ин лиҳоз, аз атру хушбӯйҳо зиёд истифода набаред, вагарна бӯйи табии баданатон нест шуда, мардҳо аз шумо мегурезанд.  

Таҳияи Меҳрубон

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД