Arzon march 2024
Мард мор хоб бинад, занаш мемирад?
05.06.2024
ОИЛА.ТҶ
2387

Салом! Ман аслан ба хоб боварӣ надорам, вале ду-се шаб пай дар пай мор хоб дида, каме ба ташвиш афтодам. Дар хобам ҳамеша як мори калон дар хонаам мегардад ва ман онро куштанӣ шуда аз пасаш поида мегардам. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

БИЛОЛ, аз Бохтар

Посух:

- Аслан мор дар хоб нишонаи душман доштани шахс аст, вале таъбири хоб ба ҷинси шахси хобдида ва маҳз чи хоб диданаш вобастагӣ дорад. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар кас хоб бинад, ки ба хонааш мор даромадааст, бояд эҳтиёт бошад, зеро чунин хоб нишонаи он аст, ки душманонаш ба муқобили ӯ нақшаҳои аҳриманона кашида истодаанд.

Куштани мор дар хоб буд буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида бо ёрии худованд душманонашро мағлуб хоҳад кард, вале куштари мор дар ҷогаҳи хоби худи шахс хуб нест. Мард хоб бинад, ки дар бистари хобаш мори калонеро куштааст, ҳамсараш бемор шуда аз олам чашм мепӯшад ё байни зану шавҳар ҷангу ҷанҷоли сахт ба вуҷуд омада, кор то ба ҷудоӣ мерасад.  

Хоб бинед, ки хонаатон пур аз мор аст, вале ба шумо ягон зиён намерасонанд, бидонед, ки зӯри бадхоҳонатон ба шумо намерасад.

Дар хобатон морҳои зиёде ба манзили шумо даробаро кунанд, хоби дидаи шумо нишонаи он аст, ки дар байни шахсони наздикатон одамоне ҳастанд. ки оилаи шуморо дӯст намедоранд ё ба зиндагии хушбахтонаатон ҳасад бурда, мехоҳанд бо макру ҳилла байни шумо ва ҳамсаратон ҷангу ҷанҷол хезонанд. Мори мурда дар хоб рамзи он аст, ки шахсони дар ҳақи шумо туҳмату бӯҳтон мебофтаро худи Худованд ҷазои сазовор хоҳад дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД