arzon replenishment
Мард дар кадом ҳолатҳо аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум карда мешавад?
25.09.2022
Mahina
999

 

Зарина сокини шаҳри Конибодом аст. Ӯ бо шавҳараш Саттор оила барпо намуда, аз зиндагии муштарак соҳиби ду фарзанд шуданд, ки яке Сурайё ва дигарӣ Мардон ном доранд.

Муддати шаш сол аст, ки Зарина бо шавҳараш зиндагӣ намекунад ва дар асоси ҳалномаи суди шаҳри Конибодом даъвояш “Оиди рӯёнидани алимент барои таъминоти фарзандон ба тариқи маблағи устувор” қисман қонеъ карда шуда, барои ҳар яки кӯдак ба андозаи 80 сомонӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 160 сомонӣ алимент муқарарр карда шуда буд.

То шаш сол қабл маблағи алиментро шавҳараш баъди муроҷиат кардан ба прокуратураи шаҳри Конибодом ноилоҷона ба воситаи бародараш Руслан пардохт карда буд. Худи шавҳараш бошад, ихтиёран ба кӯдакон ёрӣ намерасонад ва шаш сол мешавад, ки аз пардохти маблағи алимент барқасдона саркашӣ менамояд.

Қарзи аз алимент ҷамъгаштаи ҷавобгар дар асоси маълумотномаи иҷрочии суди шаҳри Конибодом дар муҳлати тақрибан 6 сол ба маблағи 12060 (дувоздаҳ ҳазору шаст) сомонӣ баробар мебошад. Зеро ҷавобгар бе сабаби узрнок маблағи алиментро пардохт накардааст, худ кор накарда, ба айшу ишрат машғул буда, доимо дар ҳолати мастӣ қарор дорад.

Суҳбат кардани ҷавобгар бо кӯдакон хеле хатарнок буд, зеро аз ӯ метарсиданд ва мехостанд, ки дар алоҳидагӣ суҳбат намоянд. Зарина бо ин мушкилӣ ба ҳуқуқшиноси давлатӣ муроҷиат намуда, вазъиятро ба онҳо фаҳмонид, зеро ҷавобгар якчанд маротиба дар ҳолати мастӣ нисбати ӯ ва кӯдакон зӯроварӣ карда, онҳоро лату кӯб карда буд.

Бар замми ин, дар давоми зиндагии муштарак ашёҳо ва дигар чизу чораи хонаро дуздида, фурӯхта, аз пули ба даст овардааш нӯшокиҳои спиртӣ харида менӯшидааст. Вақте марди хона тамоми чизу чораро фурӯхту дигар чизе барои пайса ба даст овардан намонда буд, хонаи зисташонро ба савдо гузошт.

Дар натиҷа зану фарзандонаш бе ҷойи зист дар кӯча сарсону саргардон монда, барои харидорӣ намудани сару либос, хӯрока ва дигар эҳтиёҷоти рӯзгор ба маблағи алимент мӯҳтоҷ буданд.

Феълан ҷавобгар дар шаҳри Конибодом қарор дошта, бо зану фарзандонаш ягон алоқамандие надорад, дар ҳаёти маънавӣ, ҷисмонӣ ва инкишофи онҳо, ҳамчунин тарбиядиҳанда иштирок намекунад ва барои таъминоти фарзандон низ ёрии моддӣ намерасонад.

Зарина аризаи даъвогӣ дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ пешниҳод кард ва тариқи нотариалӣ тасдиқкардаи худашро ба аризааш илова намуд.
Дар робита ба ҳолати мазкур зан хулосаи ниҳояшро бароварда, ба суди шаҳри Конибодом бо ариза муроҷиат намуд, зеро сабабҳои барқасдона саркашӣ кардани ҷавобгар аз таъминоти фарзандон, зӯроварӣ нисбати ӯ ва фарзандон, майнӯшии музмин доштану риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд” ӯро водор месозад, ки ҳамчун модари танҳо фарзандонро дар асоси қонунгузорӣ ба расмият дароварда, таҳти тарбия ва нигоҳубини худ гирад.

Ҳуқуқшиноси давлатӣ дар шаҳри Конибодом дар асоси гуфтаҳои боло ва бо назардошти моддаҳои 69 Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрванд аризаи даъвогӣ «Дар бораи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ» пешниҳод гардид ва бо қарори ҳалномаи суди шаҳри Конибодом ҷавобгар аз ҳуқуқи падарӣ нисбат ба кӯдакон маҳрум карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД