Ман дар як идораи бонуфуз кор мекунам, ки қисмати зиёди коллектив аз мардон иборатанд. То ин замон фикр мекардам, ки кор бояд бо мардон осонтар бошад, чун бародару падари худамро ҳамчун нафарони ҷиддӣ ва мулоҳизакор медонам.
Мутаассифона, дар муддати чанд соли корӣ фаҳмидам, ки баъзе мардҳо дар сифату хислат аз занҳо бадтаранд. Гапчиниву хабаркашӣ, ғайбату туҳматкунӣ на танҳо хоси баъзе занҳо будааст, балки мардони муҳтарами мо ҳам чунин одатро доштаанд.
Барои ман хандаовар аст, ки як мард мисли занҳо ғайбат мекунаду хабаркашӣ ва сабаби ҷангу моҷаро дар коллектив мегардад. Аламовараш ин аст, ки ҳангоми бо чунин ашхос рӯ ба рӯ шудан чунон меҳрубониву шаттоҳӣ мекунанд, чунон худро таърифу тавсиф мекунанд, кас ба ҳайрат меояд. Ростӣ, ман зан ҳам бошам, аз дидани рафтори ноҷавонмардонаи чунин ашхос табъам хираву дилам аз зиндагӣ сард мегардад.
Албатта ин гуфтаи ман ба ҳамаи мардон дахл надорад, дар радифи чунин афрод ҳастанд мардоне, ки воқеан мардона рафтор мекунанд ва ман сари таъзим фуруд меорам барои модарони чунин фарзандонро тарбия намуда.
Медонам, ки ҳафтаномаи “Оила”-ро мардон ҳам мутолиа мекунанд. Аз ин рӯ, ба мардони ба нангу ори ҳамватанам гуфтан мехоҳам, ки воқеан мард бошанд, ном ва шаъну шарафи мардиро паст назананд. Мард бошед, ғайбат накунед!
Г., аз шаҳри Душанбе.