arzon replenishment
Мард аз зан чӣ фарқ дорад?
6352

 Ба ғайр аз фарқиятҳои зоҳирӣ, марду зан аз ҷиҳати физиологӣ, равонӣ ва одатҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Маҷаллаи "Marie Claire" чанд фарқияти байни марду занро муайян намудааст, ки дар сурати донистанаш якдигарро фаҳмидан осонтар мешавад.

Мағзи сари мард аз мағзи сари зан 200-350 грамм вазнинтар аст, вале калон будани мағзи сар дар тафаккури инсон ягон нақш намебозад. Бонувон ду маротиба бештар гирифтори яъсу ноумедӣ мегарданд.

Мардҳо бештар бадҷаҳл мешаванд. Одатан дар синни 15-24 солагӣ ҷавонмардон ба ҳолатҳои ногувор зиёд гирифтор мешаванд ва ин боиси бармаҳал дунёро тарк намуданашон мегардад.

Дар оғози ҳомиладорӣ тамоми мавҷудот ҷинси зан ҳастанд, танҳо дар ҳафтаи шашум ҷанин зери таъсири генҳо нишонаҳои мардонаро мегирад.

48% мардон ва 22% бонувон хуррок мекашанд.

Банду буғуми бонувон чандиртар аст, хусусан дар рӯзи аввал ва охири гулдоманӣ ва охири ҳомиладорӣ.

Бонувон аз телефон бисёртар истифода мебаранд ва назар ба мардон бист дақиқа бештар гап мезананд. Барои мардҳо шаш дақиқа гап задан кифоя аст.

Дар синни 20 солагӣ ба 100 духтар 98 ҷавонмард рост меояд, вале дар синни 65-солагӣ аз 98 мард танҳо 40 нафарашон зинда мемонанд.

Ҳаҷми шуши мард аз зан 20% зиёдтар ва кори дилаш 15% бештар аст.

Мувофиқи тадқиқоти иҷтимоӣ 69% буҷаи оилавӣ дар дасти зан аст.

Занҳо дар ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ камаш 153 сония ва мардон 113 сония меистанд.

Духтарон аз писарбачаҳо зудтар инкишоф меёбанд, вале афзоиши духтарчаҳо танҳо то ҳайзи аввал давом мекунад, писарон бошанд то 18 солагӣ инкишоф меёбанд.

Занҳо назар ба мардон умри зиёдтар мебинанд, вале пӯсти зан назар ба пӯсти мард зудтар пир мешавад.

Зан аз нӯшидани машрубот зуд маст мешавад.

Бонувон барои беҳдошти саломатии худ 20 фисад бештар пул сарф мекунанд. Занҳо зуд-зуд бемор шаванд ҳам, нисбати мардон бемориро сабуктар мегузаронанд.

Калшавӣ–мушкили асосии мардон буда, сабабаш дар ҳормони мардонаи тестостерон аст.

Мӯйи бонувон баъди рехтан аз нав афзоиш меёбад.

Чашми росту гӯши рости зан хубтар мебинаду мешунавад, аз мардҳо баръакс аст.

Бонувон шириниро дӯст медоранду мардҳо шӯриро.

80 фисади транссексуалҳо мардҳоянд.

86 фисади бонувон баъди кор ба хона рафта бо рӯбучини хона, нигоҳубини фарзандон ва либосшӯйӣ машғул мешаванд, мардҳо бошанд ба даст гирифтани чангкашак ва ба назди мошинаи ҷомашӯӣ рафтанро латма задан ба обрӯяшон мешуморанд.

Мардҳо нисбати занҳо се маротиба бештар даст ба худкушӣ мезананд.

Бонувон бештар аз васеъшавии рагҳо азият мекашанд, хусусан дар давраи ҳомиладорӣ.

Муқобилияти ҷисми зан ба баъзе бемориҳо пасттар аст.

Бо сабаби дигаргун будани майнаи сарашон мардон ҳиссиёти худро ошкоро гуфта наметавонанд.

Занҳои ронанда нисбат ба мардон барои атрофиён бехатаранд, чунки зан дар паси чанбараки мошин боэҳтиёт мешинад.

Пурсишҳо нишон медиҳанд, ки 47 фисади мардон бегоҳирӯзӣ муносибати маҳрамона мехоҳанд, бонувон бошанд, субҳгоҳон.

Занҳо бештар табассум карда ба чашмони ҳамсуҳбати худ менигаранд, мардҳо бошанд аз нигоҳи рост мегурезанд.

Аз панҷ нафари лакнати забон дошта чортояшон мард ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД