Шоми 25-уми ноябр қалби яке аз машҳуртарин футболистони ҷаҳон-Диего Марадона аз тапидан бозмонд. Дар атрофи марги мармузи ин ситораи 60-солаи футбол сару садоҳо хеле зиёданд...
Аз Аргентина хабари ҷигарсӯзе расид. Шоми дирӯз дар ин кишвар яке аз машҳуртарин шахсиятҳои олами спорт, ситораи ҷаҳонии футбол Диего Марадона аз сактаи дил ҷон ба ҷонофарин супурд.
Собиқ капитан ва мураббии тими мунтахаби Аргентина Диего Марадона ҳанӯз аз нимаҳои моҳи октябр ба бистари беморӣ афтода бошад ҳам, сароғоз ба дард тан додан намехост, аммо баъдан маълум гашт, ки бемориаш хеле ҷиддист. Марадонаро дар беморхона бистарӣ намуда, майнаи сарашро ҷарроҳӣ карданд. Табибони номдор ҷараёни табобати ин марди машҳурро зери назорат гирифта, барои шифо ёфтанаш тамоми кори аз дасташон меомадаро мекарданд.
Зоҳиран ҳолати чемпион баъди ҷарроҳӣ хуб менамуд. Ба назар чунин мерасид, ки беморӣ аллакай пушти сар шудааст ва дигар чизе ба ҷони ин абармарди олами спорт таҳдид намекунад.
Диего Марадонаро санаи 12-уми ноябр аз бемористон ҷавоб доданд, вале пас аз 13 рӯзи мураххасӣ, шоми 25-уми ноябр дили ин ситораи тобноки футбол якбора аз тапитан бозмонд.
Табибон иллати марги Диего Марадонаро “сактаи қалб” мегӯянд.
Сомонаи расмии ФИФА Диего Марадонаро “Беҳтарин футболисти асри ХХ” эълон намудааст. Дар овоздиҳие, ки ин сомонаи машҳур барои муайян кардани беҳтарин футболистони олам гузаронида буд, беш аз 53%-и овоздиҳандагон ба ҷонибдории Диего Марадона райъ дода, ӯро чун беҳтарин ситораи футбол дар ҷаҳон эътироф намуданд.
Диего Марадона соли 1960 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз синни 7-солагӣ ин бачаи чусту чолок ошиқи шайдои футбол гашта буд ва аллакай дар 9-солагӣ дар ҳайъати тими «Архентинос Хуниорс» ҳамроҳи бозингарони калонсол машқ ва футболбозӣ мекард.
Диего Марадона дар ҳайъати дастаҳои футболи “Архентинос Хуниорс" «Бока Хуниорс», «Барселона», «Наполи», «Севилья» ва «Ньюэллс Олд Бойз» дар майдони футбол ҳунару маҳорати беназир нишон додааст.
Барои дастовардҳои варзишиаш Диего Марадона ҳанӯз соли 1979 “Чемпиони ҷаҳон дар байни варзишгарони ҷавон” эълон шуда, соли 1986 ба унвони баландтарини варзишӣ “Чемпиони ҷаҳон”мушарраф гардид. Ҳамон сол Диего Марадонаро ҳамчунин “Беҳтарин бозингари чемпионати ҷаҳон оид ба футбол” эътироф намуданд.
Дар ҳайъати тими мунтахаби Аргентина Диего Марадона 91-бозии муваффақона гузаронидааст. Барои ин тим Марадона тӯмори бахт ҳисоб мешуд, вале дилбастагӣ ба маводи нашъаовар ба сари ин марди машҳури ҷаҳон об рехта, карераи Диего Марадонаро шикаст.
Мардуми Аргентина аз марги ин ситораи дурахшони футбол андӯҳгин буда, дар сар то сари кишвар мотами серӯза эълон гаштааст.
Фирӯза Сатторӣ