Formula september
Маорифи пойтахт соҳиби китобхонаи электронӣ шуд
1096

Дар доираи ташаббусҳо ҷиҳати гузариш ба таҳсили рақамӣ ва амалӣ намудани Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ китобхонаи электронӣ ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба Oila.tj Зафар Муродзода, директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.

Китобхона фарогири беш аз 5000 номгӯй адабиёти таълимиву методӣ, илмиву оммавӣ, бадеиву маърифатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, ҳаҷми умумии он ба 10 гигабайт мерасад.

«Таъсиси китобхонаҳои электронӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ айни муддаост, зеро китобхонаи электронӣ шакли муосири дастёбӣ ба захираҳои маънавӣ буда, тавассути технологияҳои иттилоотӣ амалӣ мешавад. Корбарон ба воситаи манбаъҳои электронии иттилоотӣ, бахусус тавассути китобхонаи электронӣ имкон меёбанд, ки ба маълумоти мавриди назарашон осон ва зуд дастрасӣ пайдо намоянд. Зуҳури китобхонаҳои электронӣ ва сомонаҳои интернетии маърифатӣ аз ҷумлаи падидаҳои неки асри технология буда, ҳар кадом махсусияти худро дорад», - гуфт Муродзода.

Китобхонаи электроние, ки аз ҷониби Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе таҳия гардид, аз хусусияти хоссаи китобхонаҳои электронии муосир бархӯрдор аст. Дар баробари ин, интерфейси китобхона дар тарҳи муосир таҳия шуда, мураттабии мантиқии бахшҳои он таъмин гардидааст.

Ба гуфтаи Муродзода, яке аз вижагиҳои муҳимми китобхона дар он зоҳир мешавад, ки корбарон аз имконоти он тавассути компютерҳои ин ё он муассиса истифода бурда метавонанд. Китобхона дар марҳилаи аввал ба сурати офлайн амал намуда, дар базаи маълумоти синфхонаҳои компютерии муассисаҳои таълимӣ насб мешавад. Корбарон ба воситаи ҳамаи компютерҳои синфхона имконияти истифода аз китобхонаро пайдо менамоянд.

“Хусусияти дигари барнома иловаи бахши «Адабиёти тавсиявии озмунҳои ҷумҳуриявӣ» аст. Дар ин бахш адабиёти тавсиявие, ки дар низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» дарҷ ёфтаанд, аз рӯи номинатсия ва зергурӯҳҳои он илова шуданд. Инчунин саҳифаи асосии барнома барои хонандагон ба таври худкор (автоматӣ) китобҳоро барои мутолиа тавсия медиҳад. Муҳити саҳифаи асосии китобхона бо шиору овезаҳои мухталиф оро дода шуда, барои хонандагон суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат ва мутафаккирону донишмандонро доир ба китобу китобхонӣ пешниҳод менамояд”, - гуфт номбурда.

Дар китобхонаи электронӣ адабиёт вобаста ба мавзӯъ бахшбандӣ гардидааст. Аз ин хотир дар саҳифаи асосии барнома бахши умда ҷой дода шуд, ки аз «Пешвои миллат», «Китобҳои дарсӣ», «Адабиёти бадеӣ», «Маводи таълимӣ», «Илмҳои табиӣ-риёзӣ», «Илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ», «Китобҳо бо забони хориҷӣ» ва «Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» иборат мебошанд.

Ҳадаф аз амалӣ намудани барнома муҳайё сохтани шароити мусоид барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои дастрасӣ ба адабиёти гуногуни таълимиву бадеӣ ва илмӣ мебошад.

Китобхонаи электронӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ барои давраи то соли 2042» таҳия гардидааст.

Ин барнома дорои махзани бузурги китобҳои электронӣ буда, аз ҷониби мутахассисони Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ мунтазам ташаккул дода мешавад. Дар версияҳои такмилии китобхонаи электронӣ маҷаллаву рӯзномаҳои соҳавӣ ва маҷаллаҳои институту пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии мамлакат илова мешаванд. Инчунин кушодани сомонаи китобхонаи электронӣ ва ворид намудани китобҳои савтӣ ба назар гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД