Манзура Саидова имрӯзҳо яке аз чеҳраҳои намоёни санъати тоҷик ба шумор меравад. Ин бонуи ҳунарман айни ҳол дар театри “Ойина” фаъолият менамояд. Дар арафаи иди Наврӯзи оламафрӯз мо бо Манзурабону сӯҳбати ҷолибе оростем, ки фишурдааш пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардад.
-Наврӯзи оламафрӯз маборак бошад Манзурабону!
-Як ҷаҳон ташаккур! Ман ҳам ба шумо ва кулли мардуми тоҷик Наврӯзи ҷаҳониро муборакбод мегӯям. Бигзор дар ин фасли зебои баҳор ва иди Наврӯз тамоми халқи тоҷик хушбахту хандон бошанд.
-Ҳунармандон Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегиранд?
-Сарояндагонро намедонам, вале ҳунармандони театр Наврӯзро ҳамеша бо эҷодӣ намоишномаву чорабиниҳои ҷолиб ҷашн мегиранд. Мо, аҳли ҳунар кӯшиш мекунем, ки дар ин иди баҳори нозанин ва Наврӯзи оламафрӯз ба мардум чизи наве пешкаш намуда,хотири мухлисонамонро шод гардонем.
-Дар театр Наврӯзро чи гуна ҷашн мегиранд?
-Дар театри мо низ ба мисли дигар корхонаҳо ҳама иду ҷашнҳоро таҷлил мекунанд. Аз ҷумла иди Нарвӯзро низ сарҷамъона ҷашн мегирем. Як рӯз бо кулли ҳамкорон нишаста, хурсандона Наврӯзро мегузаронем.
-Барои бо аҳли оила ид кардан вақт меёбед?
-Зан сарфи назар аз он ки чикорааст, бояд зан будани худро ҳаргиз фаромӯш насозад. Дар хонадонимо низ ҳар сол ҳама сарҷамъ шуда. Дастурхони наврӯзӣ меороем, Суманак ва дигар хӯрокҳои наврӯзӣ пухта, бо рақсу бозӣ наврӯзро ҷашн мегирем. Мегӯянд, ки наврӯзро чи хеле, ки истиқбол гирӣ, тамоми сол ҳамон тавр мегуарад, барои ҳаимн ман кӯшиш мекунам, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ то метавонам хурсандӣ кунам.
-Ҳунармандон ҳамеша дар паи эҷод ҳастанд. Бо ин қадар серкорӣ чи хел барои суманакпазӣ вақт мебед?
-Саманакро ман ба танҳоӣ намепазам. Тамоми бонувони оилаи мо дар иди наврӯз якҷоя ҷамъ шуда, ба пухтани суманак машғул мешаванд. Ҳарчанд ҳамаи занҳои хонадони мо коргар ҳастанд, вале мо ҳаргиз рисолати занонаю модаронаи худро аз ёд намебарем ва мисли дигар хонумҳо дасту остин барзада аз паси пухтани суманаку далдаву самбӯсаҳоиалафин мешавем, то ки дастурхони идонаамон пурнозу неъмат гардад.
-Барои як зан душвор нест ҳам актриса ва ҳам бонуи хонадон будан?
-Албатта натанҳо барои ман, балки умман барои тамоми занҳо хеле дашвор аст, чунки тамоми кору бори хона бар души занҳост. Шахсан ман худам дар кору ҳушу ёдам ҳамеша бо фарзандам аст, ки чӣ ҳол дошта бошад, шикамаш сер аст ё гурусна, дилаш чӣ мехоста бошад. Аксаран барои омода кардани як намоиш то соатҳои 22-23 тамрин мекунему диламро гургон тала мекунанд, ки фарзандам чи шуд, вале ин масъулият аст ва бояд барои тамошобин чизи хуб пешкаш намоем. Зоҳиран актриссагӣ як касби осон менамояд,вале дар асл ба пӯсти дигарон даромадан кори саҳн нест. Дар нақш ман бояд Манзура не, балки ҳамоне шавам, ки дар нақш аст.
-Имсол дар театр омодагиҳо ба Наврӯз чӣ гуна аст?
-Хеле хуб аст. Дар оғози фасли баҳор санаи 6-уми март бахшида ба “Рӯзи Модар” як барномаи ҳаҷвии “Тобиши Ойина”-ро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор кардем, ки мухлисони зиёд сарҷамъ омада буданд. Мо барои ин намоишнома хеле заҳматҳои зиёд кашидем. Шабҳое буд то соати 11-12 шаб дар театр тамрин мекардем. Заҳматҳоямон натиҷаи хуб дод, зеро аз симои тамошобинон эҳсос мешуд, ки намоишнома барояшон писанд омадаат. Инчунин дар се чорабинии калони шаҳри Душанбе бахшида ба иди Наврӯз, ки дар боғи Фирдавсӣ, Боғи Ирам ва дар назди театри Опера ва балет баргузор мегардад “Гули баҳорӣ “ҳастам.
-Дар охир таманниёти шумо дар Нарӯзи аҷам ба ҳамдиёронамон!
-Ба кулли мардуми сарбаланди тоҷик саломативу сарбаландӣ мехоҳам Баҳори нозанин ва Иди навруз бори дигар муборак бошад!