goodwell
Маҷнуни асри ХХ1
07.11.2026
СИПЕҲР
141

Маҷнуни асри 21
 
Дар канори роҳ марде солҳост интизорӣ мекашад. Рӯз иваз мешавад, фасл иваз мешавад, барф меборад, борон мерезад, офтоб гармӣ медиҳад, вале ӯ ҳамоно интизор аст. Ронандагон ӯро мешиносанд, сокинони маҳаллӣ низ. Баъзеҳо мошинро суст мекунанд, баъзеҳо ба ӯ нону об медиҳанд, дигарон бо меҳрубонӣ аҳволашро мепурсанд. Ӯ бошад чашм ба роҳ аст... Мардум ӯро Маҷнуни асри 21 мегӯянд, зеро вай 24 сол аст, ки роҳи маҳбубаашро интизорӣ мекашад...
 
Номи ин мард Эҷевит Ӯкӯзҷӯ аст. Вай сокини вилояти Синопи Туркия аст. Ӯро кайҳост мардуми Туркия «Ошиқ Эҷевит» меномад.
Қиссаи ӯ ба афсонаҳои кӯҳнаи ошиқона монанд аст. Ба достони Маҷнун, ки биёбонро барои Лайлӣ интихоб карда буд. Фарқ танҳо дар он аст, ки Эҷевит дар асри телефонҳои ҳушманд, шабакаҳои иҷтимоӣ ва зиндагии муосир зиндагӣ мекунад. Барои ҳамин ҳам мардум ӯро «Маҷнуни асри 21» меноманд.
Гуфта мешавад, солҳои ҷавонӣ Эҷевит ба духтаре бо номи Оиша дил мебандад. Онҳо муддате бо ҳам суҳбат мекунанд. Эҷевит ба ин муносибат ҷиддӣ менигарист ва мехост зиндагии худро бо Оиша пайвандад. Аммо тақдир нақшаи дигар дошт.
Тибқи ривоятҳои маҳаллӣ, хонаводаи духтар ба ин издивоҷ розӣ намешавад. Баъдан Оиша ба ҷойи дигар меравад ва зиндагии ӯ роҳи дигар мегирад. Эҷевит бошад, дар ҳамон роҳе мемонад, ки гӯё охирин бор ӯро аз он ҷо дида буд ва Оиша барояш гуфта буд, ки маро интизор шав, бармегардам.
Аз ҳамон рӯзҳо солҳо гузаштаанд.
Дар баъзе хабарҳо омадааст, ки Эҷевит беш аз 24 сол, дар баъзеи дигар зиёда аз 25 сол ва ҳатто 27 сол боз дар ҳамон минтақа интизорӣ мекашад.  
Ҳар рӯз садҳо мошин ин роҳро убур мекунанд.
Автобусҳо меоянд ва мераванд.
Садҳо чеҳра аз пеши чашми ӯ мегузаранд.
Шояд ҳар боре, ки автобусе аз дур пайдо мешавад, қалбаш барои як лаҳза тезтар метапад. Шояд ҳанӯз умед дорад, ки аз миёни мусофирон чеҳраи шиносеро мебинад. Шояд дигар умеде ҳам намондааст ва танҳо одат ӯро ба он ҷо меорад. Инро танҳо худи Эҷевит медонад.
Қиисаи Эҷевит мисли афсона аст, бовар кардан ба он душвор аст, вале ин воқеият мебошад.
Вале баръакси Маҷнуни афсонавӣ, ки зери озору ҳақорат қарор гирифта буд ва ҳамагон ба ҳолаш механдиданду ӯро масхара мекарданд, мардум Эҷевитро танҳо нагузоштаанд. Сокинони атроф ба ӯ ғизо ва нӯшокӣ меоранд. Ронандагон ҳангоми гузаштан аз роҳ ҳолашро мепурсанд. Ҳатто барои он ки зимистон аз сармо азоб накашад, барои ӯ паноҳгоҳе сохтаанд.
Вақте ин қиссаро мехонем, саволҳои зиёде ба зеҳни мо меояд, ки  чӣ чиз метавонад инсонро ин қадар сол дар як ҷо нигоҳ дорад?
Муҳаббат?
Умед?
Одат?
Ё хотирае, ки инсон наметавонад аз он раҳо шавад?
Шояд ҳар кадоми инҳо.
Ва шояд ҳамон ишқи ҳақиқӣ ва воқеӣ.
Дар зиндагӣ одамоне ҳастанд, ки аз ишқи кӯҳна танҳо як аксу чанд хотира нигоҳ медоранд. Дигарон талош мекунанд фаромӯш кунанд ва роҳи нав оғоз намоянд. Аммо Эҷевит роҳи дигареро интихоб кардааст, ё шояд зиндагӣ ӯро ба ин роҳ бурдааст.
Ӯ ҳамоно дар канори роҳ аст. Мошинҳо мегузаранд. Одамон иваз мешаванд. Солҳо мегузаранд. Вале «Эҷевити ошиқ» ҳанӯз ҳам ба роҳ менигарад...
 
Сипеҳр

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД