Беҳуда нагуфтаанд: “Ишқ оташ аст, агар набошад, хона сарду торик мемонад, вале ноҷо афтад, хонаву хонумон ҳамаро якҷоя месӯзад!”
Оташи ишқи як духтари деҳотӣ дар дили Меҳроҷи 24-сола чунон сахт аланга мезад, ки мисли Маҷнун ақлу ҳушашро аз даст дода, ба хотири аз даст надодани Лайлои зеби худ якбора 3 -хонаро оташ задааст...
Қаҳҳоров Меҳроҷ Ҳошимҷонович, соли таваллудаш 1998, зодаи шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт 3 буда, хонаи 3 сокини маҳалро, ки дар кӯчаи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бунёд шуда буданд, оташ задааст. Тавре ки Раёсати вазорати корҳои дохила дар Вилояти Суғд иттилоъ додааст, сабаби асосии хонаҳоро оташ задани ҷавон қасос гирифтан аз наздикони дӯстдоштааш будааст.
Меҳроҷ Қаҳҳоров иқрор шудааст, ки танҳо барои пинҳон кардани ҷинояташ сараввал хонаи ду сокини дигарро, ки умуман ба духтари дустдоштааш бегона ҳастанд, оташ зада, баъдан хонаи шахсеро, ки бароми фотеҳа шудани Меҳроҷ бо дӯстдоштааш зид баромадааст, оташ задааст. Мақсади ин ҷавони ошиқ аз оташ задани хонаҳо дар он будааст, ки чашми наздикони духтар тарсида, маҳбубаашро ба ягон ҷавони дигар ба шавҳар надиҳанд. Бо ин кораш Маҷнуни сонӣ мехост наздикони духтарро ба тӯй розӣ кунад, вале тираш хок хӯрд.
Айни замон нисбати Қаҳҳоров Меҳроҷ Ҳошимҷонович бар асоси моддаи 255-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад ва аз эҳтимол дур нест, ки ошиқи беандеша ба пушти панҷараи зиндон афтода, дидори маҳбубаашро дигар дар хоби шабаш ҳам нахоҳад дид.