Formula novemver 2024
Мансурҷон шаҳид шуду баъди 4 рӯз писарчааш ба дунё омад
1709


Аз дасти қирғиз падар рӯйи
фарзандашронодида рафт


Ҳуҷуми ваҳшиёнаи қирғизҳо ба сарзамини тоҷик садҳо хонаро мотамсарой гардонида, қурбониёни зиёде дар пай дошт. Бар асари хашми хунини ҳамсояи хуношом садҳо хонаи тоҷик сӯхтаву валангор гашту аз тири ҷонсӯзи қирғиз беш аз 60 тан кушта шуданд, ки дар байнашон занону кӯдакони бегуноҳ низ буданд, аммо имрӯз мо дар бораи сарнавишти талхи як тифли маъсум қисса карданием, ки бо касофати қирғизҳо ҳатто як бор ҳам рӯйи падарро надидаву ҳанӯз ба дунё наомада сағиру ятим гаштааст...

Мансурҷон яке аз писарони шуҷоъи Ватан мебошад, ки бар асаир даргириҳо дар марз аз тири душмани нохалаф-қирғизи аҳдшикану ташнаи хуни тоҷик кушта шуда. пас аз се-чор рӯзи маргаш писарчааш ба дунё омад. Мансурҷон ҳам мисли дигар падарон 9-моҳи расо интизори тавлиди писар буд ва ҳар рӯз бо умед ба тақвим нигариста, рӯзҳоро ҳисоб мекард, ки кай меваи умраш ба дунё меояд. “Ана моҳи сентябр ҳам фаро расид, худо хоҳад дар ин моҳи муборак ман ба номи баланди падар мушарраф мешавам”-мегуфт ин ҷавони орзупарвар ба ёру дӯстонаш, аммо тири қирғиз риштаи умри ҷавонашро барканда, орзуҳои ширини Мансурҷони ормонро ҳамраҳи худаш ҷавонмарг гардонд.

Аз вафоти падари ғӯррамарг ҳафтае нагузашта писарчааш ба дунё омад, вале сад афсӯс, ки аз дасти қирғизҳои бодиянишин ин тифлаки дӯстрӯяк рӯйи падарро ҳаттто як бор ҳам надид ва чашм ба олами ҳастӣ нокушода сағиру ятим гашт.

Аз тири ҷонсӯзи қирғиз ҷигари садҳо модарону падарони тоҷик реш-реш гашта, даҳҳо тифлакони ташнаи меҳру навозишҳои падар аз дидори падар барои ҳамеша маҳрум гаштанд. Писари Мансурҷон ҳам бо чашмакони зебояш падар меҷӯяд, вале дар байни хешу табор чаҳраи гарми ӯро надида, ғаш мекунад, гӯё бо забони кӯдаконааш мепурсад, ки падари ман куҷост?!
Албатта авлиди тифл ва ба дунё омадани меҳмони нав дар ҳар як хонадон ид аст, вале тавлиди фарзанди шаҳиди роҳи Ватан-Мансурҷон баъди марги падараш басо ҳузнангез аст, зеро ба қавле “мурдаи падараш хунук нашуда” ин тифлаки ширин ба дунё омад ва рӯи падарро надид.

Хушрӯзи Ҷамолиён, ҳамкасби мо аз номи ин тифли бесадову бегуноҳ навиштааст:
“Ман фарзонафарзанди ин кишварро писарашам! Ҳамоне, ки орзӯи дидани афту андоми маро дошт. Ҳамоне, ки мехост ман рӯи дастонаш зи шавқи кӯдакӣ қанотак занам. Ҳамоне, ки мехост панҷаҳои кучулуӣ маро бӯса кунад. Ҳамоне, ки мехост ман бо дастони кучачакам рӯйхояшро зи қаҳри кӯдакӣ пар канам. Ҳамоне, ки мехост ба ман қадам заданро омӯзонад. Ҳамоне, ки мехост дасти маро гираду ба синфи аввал барад. Ҳамоне, ки мехост ба ман ҳарфнависиву ҳисобу китоб карданро омӯзонад. Ҳамоне, ки мехост бо ман туббозӣ намояду ман аввалин голамро ба дарвозаи ӯ бизанам. Ҳамоне мехост, ки ман нахустин бор ӯро падар гӯяму ӯ нахустин маротиба падар муроҷиат карданро шунавад. Ҳамоне, ки мехост маро ба оғӯш гираду эҳсос кунад, ки падар будани чи қадар ширин будааст. Ҳамоне, ки дар ҷамъият ИНСОН будани маро дидан мехост. Ман ҳамон фарзандам, ки ҳамаи хоҳишҳои ӯро дахчанд мехостаму мехоҳам, аммо зи кӯдакӣ комамро тақдир шӯр гардонд. Дар гаҳвора аз ҳоло эҳсоси бекасиву бесоҳибӣ мекунам. Ҳис мекунам, ки худам нестам... Ҳис мекунам, ки иштибоҳ ба ин дунё омадаам. Ҷунбиши гаҳвораро бо гиря худ ҷунбиши арш мепиндорам. Намедонам киро падар садо кунам. Дар миёни 10-миллион танҳоям!!!

Падар ҳоло ба ҳоли хеш ва ту мегирям. Як бор биё, то эҳсос кунам, ки ман ҳам инсонам. Илтиҷо мекунам, биёву оғӯшам гир, то руятро бинаму бӯятро эҳсос кунам... ман ҳоло нав ба ин дунё омадаам...ман маргро намешиносам. Бигӯ зи ҳар дарду ранҷи олам чӣ гуна гузар кунам?! Падар, дигар маро бо номам на, балки писари шаҳид, писари фалон ҷавонмарг ё сағира садо мекунанд, вале дигар гиря намекунам. Ором бихоб падар, ту дар набудан ҳам ифтихорӣ манӣ! “

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД