Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Манижа Сангин (Manizha).
Ному насаб ҳангоми таваллуд: Ҳамроева Манижа Далеровна.
Сол ва ҷои таваллуд: 08.07.1991, шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Касб: оҳангсоз, овозхон ва коргардон.
Вазъи оилавӣ: муҷаррад.
Роҳ ба сӯйи “Евровидение”
Аз 18-ум то 22-юми майи соли равон дар шаҳри Роттердами кишвари Нидерланд 65-умин озмуни сурудҳои эстрадӣ “Евровидение” баргузор хоҳад шуд. Русияро дар озмуни мазкур, ки ҳамасола миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад, овозхони 29-солаи зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин намояндагӣ карда, суруди “Русская женщина”-ро иҷро хоҳад кард. “Иштирок дар “Евровидение” ба ман имкон медиҳад, ки дар бораи чизҳои воқеан бароям муҳим бо ҷаҳониён гуфтугӯ кунам. Ман тоҷикам, аммо Русия маро қабулу тарбия кардааст”,-мегӯяд Манижа.
Ҷанг, тарс ва муҳоҷират
Манижа Сангин дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар миёнаҳои солҳои 90-ум, ӯ ва оилааш аз ҷанги шаҳрвандӣ гурехта, дар Маскав паноҳ бурдаанд. “Ин як фишори азиме буд. Ба ҳеҷ куҷо рафтан намехостам, зеро метарсидам. Хушбахтона, чашмонамро пӯшидаму боз кардам, ки аллакай ба Маскав расидаем. Дар як ҳуҷраи танги пур аз ҳашарот ману бародарам ҳамроҳи падару модарам зиндагӣ мекардем. Баъдан модарам аз падарам ҷудо шуд ва тарбияи се фарзанди бародарашро низ ба ӯҳдаи худ гирифт”,-ба ёд меорад Манижа.
Овозхоне аз оилаи зиёии тоҷик
Манижа дар оилаи зиёӣ ва эҷодкор таваллуд шудааст. Бобои ӯ нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Тоҷӣ Усмонов мебошад. Модараш Наҷиба Усмонова аз рӯйи ихтисос равоншинос буда, ҳоло бо номи “Modardesigns” мағозаи фирмавии худро дорад ва тарроҳ аст. Худи Манижа хатмкардаи факултаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия дар шаҳри Маскав мебошад. “Вақте мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардем, модарам ситораи ҳақиқӣ буд. Садои аҷоиб дошту суруд ҳам мехонд. Ӯро ҳатто ба озмуни зебоии “Зебосанами ҷаҳон” даъват карда буданд, вале ӯ ба ягон озмун нарафта, фақат кор мекард. Дар 16-солагӣ аллакай мустақилона либос медӯхт. Занҳои мансабдорон ба хонаамон меомаданд, то модарам барояшон либос бидӯзад. Занҳои оилаи мо хеле қавӣ буданд ва зиёд кор мекарданду ҳоло ҳам мекунанд. Масалан, бибикалони ман дар Осиёи Миёна яке аз аввалин занҳое буд, ки фаранҷиро бадар карда, гуфт, ки кор мекунад”,-нақл мекунад Манижа.
“Манижа бояд овозхон шавад...”
Ба гуфтаи Манижа, муҳаббатро нисбат ба мусиқӣ дар дили ӯ маҳз волидонаш бедор кардаанд. Бибияш истеъдоди ӯро мушоҳида намуда, таъкид мекардааст, ки Манижа бояд аз овони кӯдакӣ ба сурудхонӣ шурӯъ кунад. “Аз 5-солагиам суруд мехондам ва бибиям такрор ба такрор мегуфт, ки “Манижа бояд овозхон шавад”. Ёдам ҳаст, ки бибиям аз Душанбе ба Маскав пул равон мекард ва таъкид менамуд, ки онро барои дарсҳоям харҷ кунам. Бо он пулҳо ман дарси мусиқӣ мехондам, ки арзиши як дарс 50 доллар буд”,-мегӯяд Манижа. Овозхон пирӯзии худро дар “Евровидение” ба бибияш мебахшад, ки тақрибан 10 сол пеш аз дунё гузаштааст. Бояд қайд кард, ки Сангин, яъне насаби овозхон аз бибияш ба ӯ мерос мондааст.
“Ру.Кола”-оғози фаъолият
Манижа дар синни 15-солагиаш тавонист, ки бо ҳунараш таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб созад. Он замон продюсерҳо фикр мекарданд, ки ном ва намуди зоҳирии Манижа метавонад, ки ба пешрафти кори ӯ халал расонад, бинобар ин, ба тағйир додани имиҷи овозхон шурӯъ карданд. “Маро тағйир доданд, зеро саҳна меъёрҳои муайянро талаб мекунад. Онҳо мӯйҳоямро ранг карда, либосҳои фавқулоддаеро, ки худам мехостам, барои ба бар кардан тавсия доданд. Номамро низ ”аз ҳад зиёд мусалмонӣ” гуфта, тахаллуси “Ру.Кола”-ро бароям интихоб намуданд”,-гузаштаро ба ёд меорад Манижа.
“Недославянка”
Дере нагузашта, Манижа лоиҳаи “Ру.Кола”-ро тарк карда, мустақилона ба омӯзиши мусиқӣ сар кард. Соли 2010 Алексей Косов, рэпсарои 37-солаи рус, ки бо тахаллуси Ассаӣ машҳур аст, Манижаро ба консерти худ даъват намуда, баъдан пешниҳод кард, ки ҳамроҳ албомеро сабт кунанд. Манижа тариқи эҷодиёташ борҳо ба мавзӯи ҳуввияти миллии худ таваҷҷуҳ кардааст. Ҳамин тавр, соли 2019 намоҳанги суруди “Недославянка”-ро нашр кард. Намоҳанг дар бораи он қисса мекунад, ки Манижа муҳоҷиронро аз як бадкирдоре, ки онҳоро аз хислатҳои миллиашон дур кардан мехост, наҷот медиҳад.
Аз тақлид то тағйирёбӣ
“Дар суруди “Недославянка” чунин сатрҳо мавҷуданд: “рылья прячу по привычке, я недославянка, я недотаджичка”. Дар ин суруд тақлид карданам кушоду равшан маълум аст. Барои он ки мардум маро хуб қабул кунанд, маро лозим буд, ки бо забони русӣ ба дараҷаи аъло сухан кунам. Барои омӯхтани забон нисбат ба ҳамсолонам, ки дар Русия таваллуд шудаанд, панҷ маротиба бештар таҳсил кардам. Барои ба даст овардани пули зиёд нисбат ба дигарон 50 маротиба бештар кор кардам, то муносибати ҷомеа бо ман дигар шавад. Вақте ки ҳамаи инро ба даст овардам, дар охир ҳис кардам, ки баъзе чизҳоро аз даст додаам. Масалан, забони модариамро фаромӯш кардам, дигар либоси миллии худамро намепӯшидам... Аз он ки худро дар як муддати кутоҳ тағйир додам, хеле пушаймон будам, вале бо гузашти вақт одат кардам”,-нақл мекунад Манижа.
“Хари сиёҳ” ва маънои он
Оилаи Манижа соли 1993 ба Маскав омадаанд. Овозхон дар бораи мушкилиҳое, ки навомадаҳо дучор мешаванд, аз таҷрибаи худаш медонад. Дар аввал аъзоёни оилаи ӯ на шаҳрвандии Русияро доштанду на мақоми гурезаро. Шахсан худи Манижа дар 14-солагӣ шаҳрвандии Русияро гирифтааст. “Вақте бузург шудам, баъд андеша кардам, ки чӣ тавр ман боғчаву мактабро хатм кардам, дар ҳоле ки шаҳрванди Русия набудам. Маълум шуд, ки модарам пул ёфта, ришва додааст, то мо таҳсил кунем, вагарна ин кор ғайриимкон буд. Дар боғчаву мактаб бо нажодпарастӣ зиёд рӯ ба рӯ мешудам. Дар боғча маро “хари сиёҳ” меномиданду ман ба хона омада, ин калимаро такрор мекардам. Фикр мекардам, ки ин гапи хуб аст ва ба маънои аслиаш сарфаҳм намерафтам”,-мегӯяд Манижа.
Нажодпарастӣ
Ба гуфтаи Манижа, кӯдакони муҳоҷирон то ҳол бо мушкилиҳое дучор меоянд, ки худи ӯ дар солҳои 90-ум дучор шуда буд. “Ҳамагӣ чанд рӯз қабл ҷиянам, писари хоҳарбузургам аз мактаб омада гуфт, ки “ҳама маро сиёҳпӯст мегӯянд”. Ӯ дар синфи сеюм мехонад ва зодаи шаҳри Маскав аст. Хеле ғамгин шудам, ки бо гузашти ин қадар сол ҳанӯз ҳам чизе тағйир наёфтаву нажодпарастӣ аз байн нарафтааст”. Манижаву оилаи ӯ солҳои зиёд аст, ки бо мушкилоти гурезаҳо сару кор доранд. “Мо худамон таҷрибаи бузурги муҳоҷират дорем. Вақте дар Тоҷикистон ҷанг оғоз шуд, мо ҳам гурезаи дохилӣ будем ва ҳам муҳоҷир. Ин роҳ ба мо нишон дод, то ҳоли он нафаронеро, ки хонаву дари худро аз даст медиҳанд, бифаҳмем”,-изҳор медорад Манижа.
Муҳоҷире, ки ба муҳоҷирон кӯмак мекунад
Дар давраи пандемияи коронавирус, ки қисми зиёди муҳоҷирон ба кӯмаки моддӣ ниёз доштанд, Манижаву модараш то қадри имкон ёрӣ доданд. “Модарам ба оилаҳои тоҷик зуд-зуд кӯмак мекунад. Онҳо ба ӯ занг зада, кӯмаку маслиҳат мепурсанд. Мо ба дафтари Комиссариати олии СММ оид ба кор бо паноҳандагон дар Русия тамос гирифта, вазъиятро пурсон шудем. Онҳо гуфтанд, ки қисми зиёди гурезагон ҳатто ғизо надоранд. Баъдан мо дар ҳамкорӣ бо чандин ташкилотҳо ва шахсони алоҳида оилаҳои ниёзмандро ҷустуҷӯ карда, кӯмак расонидем”,-мегӯяд Манижае, ки худ ҳамагӣ чанд сол пеш муҳоҷир буду ҳоло ба дигар муҳоҷирон дасти ёрӣ дароз мекунад. Ҳамин буд, ки моҳи декабри соли 2020 Манижаро сафири ҳусни нияти СММ оид ба гурезагон дар Русия интихоб намуданд.