Formula novemver 2024
Ман қотилам, мардум….(ҚИСМИ 2)
28.10.2021
ДИЛОШӮБ
2335

Маҷнуни пир

Як рӯз то дер кор кардам, ҳуҷҷатҳои муҳимеро чоп карда, мондан даркор буд, раис низ дар ҳуҷраи корияш менишаст, занги муроҷиат садо доду сардор маро наздаш хонд.

-Лаббай,- гӯён, наздаш даромадам, ӯ гуфт:-Лайлиҷон, бароям як қаҳва тайёр намо, ба толори варзиш рафтаниям, каме хастагии имрӯза барояд.

Чун қаҳваро тайёр карда, назди раис даромадам, ӯ нимбараҳна миёни ҳуҷраи корияш рост меистод, аниқтараш шалвори варзишӣ дошту халос. Ман бори аввал бадани бараҳнаи мардро медидам, намедонам чӣ хел ба бозувони оҳанину машқдидаи раис нигоҳ кардам, ки ӯ қаҳваро аз дастам гирифта, ба рӯйи миз монду маро дар ҳалқаи бозувонаш гирифт… Он рӯз раис ба толори варзишӣ нарафт, зеро мо то дер дар ҳуҷраи кории ӯ будем, ҳамин тавр, ишқварзии ман бо марди аз худам сӣ сол калон оғоз ёфт… Мане, ки то ин дам дастамро ҷавоне надошта буд, ба оғӯши ошиқи пирам чунон хӯ гирифта будам, ки мавриди муносиб ёфта, худам ба канораш медавидам. Сафар хонаи пиразани русро, ки ман он ҷо иҷора менишастам, бо тамоми санъаташ таъмир кард, акнун шабҳое дилаш мехост пешам меомад. Кампирак бо хӯрокҳои лазизу либосҳои гарме, ки ман барояш меовардам, қаноат мекарду аз ман иҷорапулӣ ҳам талаб наменамуд. Ошиқам бароям тӯҳфаҳои қимматбаҳо тақдим менамуд, вале барои ошкор нашудани муносибатҳоямон маро дар корхонаи як рафиқаш ба кор монд, акнун ман ӯро ду-се рӯз пас медидам, вале ӯ ҳамоно меҳрубону сахӣ буд. Ман аз чизе камбудӣ надоштам, чӣ тавре, ки орзуям буд, мехӯрдаму мепӯшидам, кабӯтари озоде будам, ки ба майли дилам дар фазои орзуҳоям пар мезадаму пар мезадам. Сафар низ маро зиёд дӯст медошту ҳамроҳаш ба осоишгоҳҳои беҳтарини дохилу хориҷ мебурд. Мисли лӯхтакча ороям медоду аз тамошоям сер намешуд. Ба падараму пайвандонам ёрӣ медодам, онҳо аз ман миннатдор буданду гумон мекарданд, ки ҳоло ҳам ман ҳамон духтараки покдоману ҷиддӣ ҳастам. Онҳо аз куҷо медонистанд, ки ман алаккай зан ҳастаму бо марди ҳамсоли падарам зиндагии якҷоя дорам. Аммо ин ҳама заррае пинаки маро вайрон намекард, зиндагиям бо кабӯтари дубомааам ба ман маъқул буд. Пас аз як соли вохӯриҳоямон ман ҳомиладор шудам, аммо падари фарзандам, зидди тавлиди ӯ буд. Дар ин ҳангом падарам низ аз олам гузашта буду намедонистам бо ин меваи гуноҳам ба куҷо равам, дар ин ҳолат низ кампири рус мададгорам гашт. Духтарам, бигузор Саша (ӯ ошиқамро ҳамин тавр ном мебурд) кӯдакро нахоҳад, охир ӯ соҳиби зану фарзанду набера аст, аммо туро чӣ ҷин задааст, ки кӯдакатро мекушӣ? Бигузор бача ба дунё ояд, мо ҳарду як бало мекунем, зӯрамон нарасад, ба Толя, ҷияни ман, ки дар Олмон мезияд, занг зада, ёрӣ мепурсем. Ман ин ҳамаро ба Сафар гуфтам, аммо ӯ бо қатъият амр дод: Агар минбаъд бо ман будан хоҳӣ, аз баҳри ин ҳаромӣ мегузарӣ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД