Arzon march 2024
Ман қотилам, мардум….(ҚИСМИ 1)
27.10.2021
ДИЛОШӮБ
2339

 

 Карерист

Дар курси охирини донишгоҳ таҳсил мекардаму бо роҳхат ба идораи бонуфузе ба коромӯзӣ рафтам. Бояд пеши сарвари корхона медаромадам, котибааш духтараки сафедчеҳраи зебо сар то пои маро бепарвоёна аз назар гузаронида гуфт:

-Интизор шавед, шеф одам доранд.

Ман низ интизор нишастам, зеро зиёд мехостам дар ин корхона коромӯз бошаму баъд агар Худованд хоҳад, ҳамин ҷо монам, зеро дар хонаи пиразани руси танҳое иҷора менишастам ва иҷорахонаам ба ин корхона хеле наздик буд. Ман ният доштам, баъди хатми донишгоҳ дар шаҳр монам, ба деҳа рафтан намехостам, зеро модарам вафот карда буду падарам зани нав гирифта, апаю бародаронам ҳамагӣ соҳиби рӯзгори хеш буданд. Падарам низ ин қарори маро дастгирӣ кард, зеро ман тӯли панҷ соли донишҷӯйӣ коре накарда будам, ки боиси хиҷолати ӯ гардад. Пушти дари сардор нишаста, Худоро зора мекардам, ки барори корамро диҳад. Зеро бисёр мехостам кори хуб дошта бошаму зебо пӯшаму бамазза хӯрам, ҳамеша ба занҳои хушлибос бо назари ҳавасмандӣ менигаристам. Дар дилам ба онҳо ҳасад мебурдам, ки соҳиби кору пул, обрӯ ва зиндагӣ дар ин шаҳри зебо ҳастанд. Деҳаро дӯст намедоштам, кору бори қишлоқ, мардуми содаашро чашми дидан надоштам. Шаҳрӣ будан мехостаму халос. Ҷавони дӯстдошта надоштам, ба ҳамаи онҳое, ки изҳори ишқ мекарданд, бо мулоиматӣ ҷавоби рад медодам, зеро мақсадам баромадан ба зинаҳои баландтарини карера буду халос….

                                   Кушоиши кор

Банди андешаҳои ҳаваспарварона, дар куҷо шиштанамро фаромӯш карда будам, ки овозои котиба баланд шуд: “Марҳамат, дароед!” Садои котиба риштаи андешаҳои маро барканду ман вориди ҳуҷраи барҳаво, зебо ва ороишдодаи сарвари корхона гаштам.

-Марҳамат шинед, духтари нағз, чӣ хизмат?- пурсид, марди чил-чилупанҷсолаи сиёҳҷурдаи ситорагарм.

-М.м-ман, коромӯз,-гуфта, худамро гум кардам.

-Ман сарвари ҳамин корхона, Сафар Сафо,- бо лабханд шояд барои шарми маро парондан шӯхӣ кард сардор ва пас аз саволу ҷавоби кӯтоҳ гуфт:

-Котибаи ман як ҳафта пас шавҳар карда меравад, домод ӯро кор кардан намемондааст. Назди Сафина шишта, тарзи корро ёд гир, баъди тамом шудани мӯҳлати коромӯзият, агар хоҳӣ, туро ба кори дигар мегузаронем. Ман ғайр аз розӣ шудан чӣ илоҷ ҳам доштам? Ҳарчанд намехостам, ки котиба бошам… Сафина аз «шогирд»-ии ман хеле хушнуд шуд ва худи ҳамон рӯз тамоми масъулияти доштаашро ба ман фаҳмонда дод. Кори асосии котиба-коргузор ба қавли ин духтараки софдилу бекина, қабулу гусели меҳмонҳои раис, чоп намудани баъзе ҳуҷҷатҳо ва тозаю озода нигоҳ доштани қабулгоҳ буд. Ман дар як рӯз фаҳмидам, ки шеф чӣ гуна чой ва шоколадро дӯст медорад, кадом меваҳо бояд доим рӯйи мизи ӯро зеб диҳанд. Кадом меҳмонҳоро чӣ гуна қабулу гусел намудан лозим… Сафина ҳамагӣ се рӯз бо ман кор карду сипас аз пайи ташвишҳои тӯйяш овора шуда рафт ва ман мондаму хизмати раиси як корхонаи калон. Росташро гӯям, корам ба ман маъқул буд, маошаш ҳам бад набудааст, боз корафтодаҳо ба ҷону ҳолам намонда, ба ман шоколад, гул ё байни ҳуҷҷатҳои барои имзо овардаашон пул низ медоданд. Сафина чӣ гуна қабул намудани ин гуна тӯҳфаҳоро низ ба ман ёд дода буд. Ҳамааш то он даме олӣ буд, ки…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД