23-юми майи соли 2020, наттоқи маъруфи телевизион, фарди фарҳангшинос ва василаи ободии маҳфилу чорабиниҳо Мунира Ҳакимова аз олам даргузашт. Ин бонуи ҳунар он замон 63 сол дошту ҳанӯз нақшаву ниятҳои зиёд дар қалб. Вале, дасти аҷал домонашро сахт кашиду ӯро ба олами улвӣ бурд.
Мавзуна Ҳакимова, духтари Мунира Ҳакимова дар як филми кӯтоҳи таҳиякардаи Орзу Исо гуфт модараш даҳ рӯз дар беморхона дар Шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ буд ва табобат мегирифт, аммо рӯзи даҳум натавонист дигар нафас бикашад.
“Аввали моҳи май ҳама аҳли хонавода бемор будем, вале дар байни 5 рӯз мо шифо ёфтем, аммо модарам баъд аз ду руз боз табашон баланд шуд, дар хона табобат кардем, нашуд, ба беморхона бурдем. Аз аҳволашон пурсон мешудам, хуб буданд, гап мезаданд, хӯрок мехӯрданд, лекин афсӯс, ки хуб нашуданд", - нақл кард ӯ.
Барои Мавзуна, ки дар як хона бо падару модар зиндагӣ мекард, марги модар хеле сангин буд. Ҳанӯз ҳам бовар намекунад, ки модар дигар канораш нест. Мавзуна Ҳакимова гуфт, се моҳ аслан натавонист ба коре даст занад, аммо баъдан ба ин хулоса расид, ки бояд ба хотири додару хоҳараш ва қабл аз ҳама ба хотири падараш зиндагиро идома медиҳад. Мавзуна орзу дорад, хотираҳои модарро дар китобе ба нашр расонад.
“Ин ахтари тобони фарҳанги тоҷик, ин дастоварди санъати суханварӣ, ин ганҷи миллат моро тарк гуфт. Аввали моҳи март барои иштирок дар клипи “Фиребо”-и Нигина Амонқулова даъваташ карда будам. Дар шаҳри Бохтар сафари корӣ дошт, аммо омад, иштирок кард! Рақсид! Шоду масрур буд. Он ҷо тасмим гирифтем, сӯҳбате анҷом бидиҳем. 23 март мусоҳибаи Мунира Ҳакимоваро дар барномаи “Ногуфтаҳо” сабт кардем, вале намедонистем, ки охирин сӯҳбатамон аст. Аз модараш ёдовар шуду шеъри ҷонсӯзе хонду гирист... Пеши модараш рафт! Сад афсӯс. Ёдаш абадист”, - навишта буд Орзу Исо он замон.
Он замон ду табиби ҷудогона ба “Оила” роҷеъ ба марги бонуи ҳунар иттилоъ дода, омили фавташро илтиҳоби шуш гуфта буданд.
Ёдовар мешавем, ки Мунира Ҳакимова фаъолияти кориашро ҳамчун корманди техникии сабти овози Киностудияи «Тоҷикфилм» (1975-1976), сар карда, баъдан ҳамчун китобдори Хонаи афсарони гарнизони Душанбе (1976-1987), наттоқи Сардирексияи барномаҳои радиои Кумитаи телевизион ва радио (1988-2004). Сарпродюссери Кумитаи телевизион ва радио (2004-2008) кор кардааст. Аз соли 2009 директори Кохи Ҷомӣ ва пеш аз ин роҳбари Кохи “Тоҷикистон” буд. Дар лаҳзаҳои охири ҳаёташ роҳбарии идораи тиҷорат ва рекламаи Телевизиони Тоҷикистон ва чанд масъулияти дигарро ба зимма дошт.
Мунира Ҳакимова дар баробари ровигӣ дар барномаҳои давлатӣ, инчунин, дар базму маъракаҳо иштирок карда, бо ҳунари баланду садои марғуладор онҳоро дар сатҳи баланд мегузаронд.
Инчунин, ӯ аз синни 6-солагӣ дар дубляжи филмҳои ҳунарию мустанад, аз ҷумла филмҳои «Насимӣ» (Озарбойҷон), «Субҳи ин ҷо сокит аст» (Мосфилм), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод», «Бирав ва бубин», «Воқеа дар фурудгоҳ» ва ғайра (ҷамъ беш аз 200 филм) иштирок кардааст. Таҳиягар ва муратттиби барномаҳои «Саодат», «Паёми рӯз», «Насими айём», «Рангинкамон», «Зулхамс», «Афкор», «Ҳаёти деҳот», барандаи барномаҳо аз ҳаёту фаъолияти овозхонон Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Давлатманди Хол, Нигина Рауфова, Абдуҷалил Ҳошимов ва ғайра, муаллифи очеркҳои телевизионии «Пайванд», «Банди ҳунар», «Файзи Баҳористон», «Сарвари гулдаст», «Устоди омӯзгорон», «Ҷавонмардӣ биомӯз» аст.
Аз идора: Акнун 3 сол боз садои ин бонуи ҳунар дигар дар кишвари мо ғул-ғула намеафканад. Ҷойи марҳум Биҳишт бод.