Ровии маҳбубу маъруфи Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми май аз бемории “илтиҳоби шуш” яъне, пневмания ҷон ба ҷаббор супорид.
Як табиби беморхонаи Истиқлол, ки аз гуфтани ному насабаш худорӣ намуд, ба хабарнигори сомонаи Оила Рустам Азимӣ хабари марги Мунира Ҳакимоваро тасдиқ намуда, чунин гуфт: Мунирабону муддати 10 шабонарӯз дар беморхонаи Истиқлол бистарӣ буданд. Он кас аввал дар хона ва баъди вазнин шудани вазъи саломатияшон ба беморхона омаданд. Ташхис нишон дод, ки гирифтори илтиҳоби шуш, яъне “пневмония” шудаанд. Ҳеҷ боварамон намеомад, ки ин бонуи тилисмшикан ба марг зуд таслим шуда, моро тарк мекунанд. Имрӯз вазъи саломатияшон беҳад бад шудааст ва аз нафастангӣ ва беқуваттӣ дигар бо ин дарди қаттол мубориза бурда натавониста, аз дунё гузаштанд.
Як манбаъи муътамад иттилоъ додааст, Мунира Ҳакимова аввали моҳи май бемор шуда, аввал дар хона ва сипас дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов муолиҷа мегирифт.
Ҷанозаи марҳума имрӯз дар зодгоҳашон баргузор хоҳад гашт.
Мунира Ҳакимова 63 сол дошт, вале солҳои тӯлонӣ дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон кор карда, яке аз наттоқони асосии иду маросим ва ҷашнҳои давлатӣ буданд. Номбурда модари чор фарзанд буданд. Мунира Ҳакимова корманди шоистаи Тоҷикистон, наттоқи Телевизиони Тоҷикистон, сарпродюсери Телевизион, собиқ раиси Кохи фарҳангии «Ҷомӣ», Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.