Сабринаи Назриро дирӯз аз таваллудхона ҷавоб доданд. Маликаи Инстаграм рӯзи 5-уми декабр дар рӯзи таваллуди ҳамсараш Абдулло Шарипов “сюрприз” намуда, ба ӯ писарчаи паҳлавонеро туҳфа кард.
Дар ин бора худи ситораҳо дар саҳифаи истаграмашон рӯзи 5-уми декабр хабар додаанд.
Пеш аз ин ҳар рӯз Сабрина аз рафти омодагиаш барои таваллуд ба обуначиёнаш хабар медод.
Сабрина ва Абдулло чеҳраҳои шинохтаи инстаграм мебошанд ва онҳо соҳиби як духтрача бо номи Карашма буданд, ки ба назадикӣ дусолагиашро қайд карданд.
Ёдовар мешавем, ки Сабринаи Назрӣ ва Абдулло Шарипов соли 2020 бо ҳам хонадор шуданд ва тӯи онҳо дар тарабхонаи “Яккасарой” баргузор гашта, тамоми чеҳраҳои шоу бизнеси тоҷик ширкат намуданд.