Номае, ки як мусофири киштии маъруфи «Титаник» чанд рӯз қабл аз фоҷиа навишта буд, дар як музоядаи Британияи Кабир бо арзиши рекордии 300 000 фунт стерлинг (муодили 400 000 доллари ИМА) фурӯхта шуд.
- Тавре хонаи музоядаи Henry Aldridge and Son хабар додааст, ин мактуб «паёмбарона» арзёбӣ шудааст,- иттилоъ медиҳад BBC. Номаи полковник Арчибалд Грейсӣ дар музоядаи мазкур дар Уилтшир рӯзи якшанбе ба як харидори номаълум бо нархе фурӯхта шуд, ки панҷ баробар бештар аз арзёбии аввалия (£60 000) буд.
Мактуб ба таври «паёмбарона» тавсиф мешавад, зеро дар он полковник ба як шиносаш менависад, ки то анҷоми сафараш мунтазир мемонад ва сипас дар бораи «киштии олиҷаноб» назар хоҳад дод.
Нома бо санаи 10-уми апрели соли 1912 навишта шудааст – рӯзе, ки Грейсӣ ба киштии «Титаник» дар бандари Саутгемптон савор шуд. Пас аз панҷ рӯз киштӣ дар натиҷаи бархӯрд бо яхпора дар шимоли Уқёнуси Атлантик ғарқ гардид.
Полковник Грейсӣ яке аз тақрибан 2200 мусофир ва узви экипажи «Титаник» буд, ки ба самти Ню-Йорк равон буданд. Дар натиҷаи фоҷиа беш аз 1500 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ташкилкунандаи музояда қайд кард, ки ин нома гаронтарин мактуби маъруфе мебошад, ки дар киштии «Титаник» навишта шудааст.
Ҳикояи полковник Грейсӣ дар бораи ғарқшавии киштӣ аз ҷумлаи шоҳидони муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ баъдан китобе бо номи «Ҳақиқат дар бораи “Титаник” навишт, ки дар он таҷрибаи худ ва ҷараёни фоҷиаро ба таври муфассал шарҳ додааст.
Грейсӣ инчунин дар бораи наҷот ёфтани худ, ки бо шино ба заврақи чапгашта дар оби яхбаста анҷом ёфт, нақл мекунад. Вай навиштааст, ки зиёда аз нисфи мардоне, ки аввал ба ин заврақ расиданд, дертар бинобар гипотермия ва хастагии шадид фавтиданд.
Гарчанде полковник фоҷиаро паси сар кард, саломатии ӯ аз сабаби гипотермия ва ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ҷиддан осеб дид. Рӯзи 2-юми декабри соли 1912 вай ба ҳолати кома афтода, баъд аз ду рӯз бар асари мушкилоти вобаста ба диабет вафот кард.