Тарҳи гузариш ба низоми таҳсили 12 - сола дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2010 парлумони кишвар қабул карда буд.
Ҳарчанд тарҳи гузариш ба низоми таҳсили 11 сола дар Тоҷикистон соли 2010 қабул карда шуд, вале бо гузашти 11 сол дар ин самт пешрафте сурат нагирифт.
Дар нишасти ахири Вазорати маориф аз роҳбари ин ниҳод боз мавриди гузариш ба ин намуди таҳсил суол шуд, ки дар ҷавоб вазири тоҷик гуфт, "ҳоло ин тарҳ дар баррасӣ аст".
"Гузаштан ба низоми таҳсили 12 - сола ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ аст. Ин масъала дар доираи Стратегияи рушди соҳаи маориф то соли 2030 таҳқиқ мешавад", - гуфт вазир.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2010 бо ҳадафи боло бурдани сифати таълим дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон парлумони кишвар тарҳи иловаҳо ба қонун дар мавриди гузариш ба низоми таълими 12-соларо қабул карда буд.
Қарор буд, ки низоми нави таълим дар кишвар марҳила ба марҳила ҷорӣ шавад ва аз моҳи сентябри соли 2010 мӯҳлати таҳсил дар тамоми макотиби миёнаи 9-сола як соли дигар тамдид ёбад.
Солҳои 2014-2015 қабули хонандаҳо ба мактаб аз синни 6 бояд шурӯъ мешуд ва дар солҳои 2016-2017 мактабҳои Тоҷикистон бояд пурра ба низмои таълими 12-сола мегзушт, аммо ин амр амалӣ нашуд.
Манбаъ: Спутник.тч