Sebiston new 2024 october
Макри зан-ҷуволи арзан Қисми 3
1820

Дарахти бесамар

Солҳо турнасон мегузаштанд, вале мафтуна ҳеҷ ҳомиладор намешуд. Аввалҳо Азиз   “ташвиш накашед, мо ҳоло ҳавонем, насиб бошад, бачадор ҳам мешаҷвем” гӯён, имкон намедод, ки падару модараш дар ин мавзуъ гап кушода, хотири ҳамсарашро озурда созанд, вале баъди 5-6 солизиндагӣ худаш ҳамба ташвиш афтида, ҳамроҳи ҳамсараш ба назди табибон мерафтагӣ шуд.

Макри арӯс

Аҷоибии кор дар он буд,ки Мафтуна ҳеч гоҳ бе модараш ба назди духтур намерафт. Ҳар гоҳ, ки ин зану шавҳари ҷавон бо масъалаи фарзандор шудан ба назди табибон раванд, хушдоманаш дарҳол бо як меҳрубонии танҳо ба худаш хос дарҳол дар назди беморхона пайдо мешуд ва бо баҳона он ки ин духтур шинос ё хеши наздикашон аст, пеш аз онҳо ба назди духтур медаромад, баъд духтарашро дароварда, дорухат дар даст мебаромад ва “духтурҳо мегӯянд, ки духтаратон ягон айбу гуноҳ надорад, домодатон бояд табобат гирад” гӯён, даҳони Азиз ва падару модари ӯро мебаст.  

Муаммои сарбаста

Азиз чанд маротиба аз ташхис гузашта бошад ҳам, табибон дар ӯ ягон иллатро пайдо намекарданд ва мегуфтанд, ки чизе барои падар шуданаш монеъ гашта наметавонад. Ёру дӯстонаш маслиҳат доданд, ки аз ҳамсараш пинҳонӣ худашро санҷад, вале Азиз ба Мафтуна хиёнат карданро ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард. Ҳамсинфону ҳамсабақони Азиз аллакай соҳиби 3-4 фарзандӣ гашта буданд, вале ба хотири ишқи Мафтуна вай ҳамоно мисли дарахти бесамар сарсарӣ мегашт, то он рӯзе, ки...

Нимкосаи зери коса

Холаи Азиз, ки муддати 15 сол боз дар Канада зиндагӣ мекард, ҳар сол ба онҳо занг зада, пешниҳод мекард, ки меҳмони хонадони ӯ гарданд ва дар ҳамин ҷо аз ташхис гузашта, табобат бигиранд, шояд бо кӯмаки табибони хориҷӣ нахли умрашон бор оварда, соҳиби фарзанд мешаванд, вале ҳар бор Мафтуна баҳонаҳои гуногун пеш меовард. Модари Азиз пай бурд, ки зери коса нимкосае ҳаст ва “келинҷон, ман худам хуб медонам, ки дар шумо не, дар писарам аст. аз ташхис гузаштану табобат кардан маънӣ надорад. Ба Канада рафта, шаҳрҳои зеборо тамошо кунед, орламу одамро бубинед ва камтар дам гирифта биёед” гӯён, ниҳоят Мафтунаро ба сафар ба Канада розӣ кард...

Сирри фошгашта

Ҳамин тавр Азиз ва ҳамсараш ҳуҷҷатҳояшонро тахт карданд ва чиптаи ҳавопаймо харид, ба Канада парвоз карданд. Холаи Азиз онҳоро хуб пешвоз гирифта, чанд рӯз шаҳрро тамошо дод, баъд бо баҳонаи харид кардан ба маркази савдо, аз он ҷо ба маркази тиббӣ бурд. Азбаски Мафтуна ягон забони хориҷиро намедонист, чи тавр бо пойи худаш ба маркази тиббӣ рафтанашро нафаҳмида монд.

Табибон аввал зану шавҳарро дар алоҳидагӣ ташхис намуданд ва пас аз чанд рӯз баъди ҷамъоварии натиҷаҳои ташхис Азизро ба утоқи алоҳида даъват карданд.

Ҷавонмард гумон дошт, ки дар ҳақиқат безурриёт будааст ва табибон ин ҳақиқати талхро ба ӯ гуфтаниянд ва худро ба ин суҳбати душвор омода намуда, вориди утоқ шуд, вале...

-Ман ҳайронам, ки чаро шумо ҳамсаратонро ба назди мо овардаед, охир ин зан аслан бачадон надорад, чи хел ҳомила шуда метавонад?! –бо забони англисӣ ошкоро гуфт табиб айнакашро аз чашм гирифта.

Азиз ба гӯшҳои худаш бовар накрада пурсид:

-Шумо чиҳо мегӯед, доктор! Ҳамсари ман, ҳамсари ман...

-Бале, ҳамсари шумо бачадон надорад! Бачадонашро кайҳо бурида партофтаанд. Наход, ки шумо инро намедонистед?! –такрор кард табиб.

Гӯшҳои Азиз бо шунидани ин гап якбора қулф заданд. Вай калавида-калавида аз ҷояш бархост ва пакару гаранг ҷониби дар равон шуд.

-Як лаҳза истед, магар намехоҳед дар бораи вазъи саломатии худатон бидонед?-ӯро аз роҳ дошта гуфт табиб.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД