Sebiston new 2024 october
Макри зан-ҷуволи арзан Қисми 1
1918

 

Азиз аз назди духтур пакару гаранг баромад. Сараш аз шиддати фишори рӯҳӣ ба мисли деги афғонӣ қариб ба таркидан расида буд.

Суханони духтур ҳамоно дар гӯшҳояш садо медоданд: Ин зан ҳаргиз модар шуда наметавонад, чунки аслан бачадон надорад...”

Замин гӯё аз зери пояш фурӯ мерафта бошад, ин марди ҳузарб, ки ба чанори азиме шабоҳат дошт, акнун калавида-калавида роҳ мегашт. Ҳанӯз бовараш намеомад, ки ҳамсараш, зане, ки аз ҷонаш бештар дӯсташ медошт ва тайёр буд барои ӯ аз осмон ситора биёрад, муддати 10 соли дароз Азизро аҳмақ карда гаштааст. Бештар аз худаш асабонӣ шуда, зери лаб ғур-ғур мекард:

“мурданӣ ман барин мард беҳтар аст, охир чи тавр мард шуда, дар тӯли ҳамин қадар сол нуқсони бузурги занамро ҳатто пай набурдам...”

Бойбачаи серхаридор

Азиз фарзанди яккаву ягонаи оилаи сарватманд ва бообрӯе буд. Падараш мудири базаи савдои шаҳр, модараш ҳам роҳбари як корхонаи калон, зиндагии шоҳона доштанд. Тамоми ҳамсинфону ҷӯраҳояш ба Азиз ҳасад мебурданд, ки мисли шоҳзода умр ба сар бурда, гули чизро мехӯраду гули чизро мепӯшад. Аз хешу табори наздикашон сар карда, то ёру ошноҳои мансабдори падару модараш ҳама дар орзуи домод кардани ин ҷавони зебои хушқадуқомат ва зебою сарватманд буданд, аммо...

Парӣ дар зери борон

Беҳуда дар урфият “чашми ошиқ кӯр аст” нагуфтаанд, ин ҷавони серхаридор низ он ҳама духтарони моҳрую гулбадани оилаҳои хубу намунавиро пушти по зада, ба Мафтуна ном духтари деҳотӣ ошиқ шуда монд. Ошиқи шайдо. Азизу Мафтуна бо ҳукми тасодуф шинос шуда буданд. Як рӯзи сарди боронӣ Азиз бо мошини зебои хориҷиаш аз дарс баргашта истода, чашмаш ба духтараки сарвқомате афтид, ки бе чатр дар зери борон қадам зада, бо нигоҳи илтиҷоомез ба сӯйи мошинҳои раҳгузар даст меафшонд. Аз осмон гӯё касе ба сари аҳли кӯрраи замин сатил-сатил об мерехта бошад, борон бисёр бошиддат мерехт. Духтар аз шиддати борон шип-шилта тар шуда, куртааш ба танаш часпида буд ва ҳатто аз тораҳои гесувонаш об мерехт.

Дили Азиз ба ҳоли духтари ношинос сӯхта, мошинро нигоҳ дошт ва зебосанам ҳам гӯё маътали ҳаимн лаҳза буд, ки ҳатто ба кадом самт равон буданашро напурсида, худро бо як чолокии ғизолона ба даруни мошин афканд...

Лайлиро бо чашми Маҷнун бубин...

Аиз аз рӯйи дилсӯзӣ мошинро нигоҳ дошта бошад ҳам, баробари ба мошинаш нишастани Мафтуна дилаш мисли моҳии ба чангаки сайди моҳир афтода, дар тори гесувони ин парии сар то ба по тар дармонд. Рӯйи ба мисли барф сафед, мӯйи марғуладори чун пари зоғ сиёҳ, мижгонҳои баргаштаю абрувони пайваста ва чашмони барроқу ҷодугари духтар чунон афсунаш карданд, ки инони ихтиёр аз даст дода, бо тамоми вуҷудаш ошиқи шайдои ин паричеҳраи ношинос гашт. Ӯ дар назди худ мақсад гузошт, ки бо кадом роҳе набошад, ҳатман суроғаи ин духтарро гирифта, волидонашро ба хонаашон хостгорӣ мефиристад ва ба нею нестонаш нигоҳ накарда, Мафтунаро то пушти дари хонаашон бурда монд...

Исёни ошиқи зор

Ҳамон бегоҳ ба хона баргашта Азиз вохӯриашро бо парии орзуҳояш ба волидонаш нақл кард ва аз падару модараш хоҳиш намуд, ки худи пагоҳ ба хонаи Мафтунаино хостгорӣ раванд. Бо шунидани ин суханон падараш зери лаб табассуми тамасхуромезе карда, гуфт:

-Писарам, зиндагӣ бозича нест, ки бо ҳар касу нокаси аз сари роҳат баромада оила барпо намоӣ. Ту аслу насаби он духтарро намедонӣ, дар бораи падару модараш ягон маълумот надорӣ ва ҳатто намедонӣ, ки ҳамчун инсон худи вай чи гуна шахс аст. Кӣ медонад, шояд ягон духтари бероҳагард ё дузд бошад...

-Дадаҷон,ин хел нагӯед, Мафтуна аз он духтарҳои мегуфтагии шумо нест. Аз сару либос ватарзи гап заданаш маълум, ки духтари боодоб ва ӣтарбиятдида аст,-сухани падарашро бурид Азиз.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД