Formula novemver 2024
МАГАР ЗАН РӮҲ НАДОРАД?
02.05.2021
Оила
2263


Яке аз ғалатфаҳмиҳои матбуоти ғарбӣ ин аст, ки зан кадом рӯҳе надорад. Сарчашмаи ин ғалатфаҳмиҳо он аст, ки дар асри XVI равшанфикрони Рум дар як ҷаласаи бузург файсала карданд, ки зан ягон хел рӯҳ надорад.

Ҳол он ки дар дини мубини ислом фитрати рӯҳонии зану мард яксон аст. Худованд дар ояти якуми сураи «Нисо» чунин мефармояд: «Эй мардум, битарсед аз он Парвардигори хеш, ки биёфарид шуморо аз як кас (Одам) ва офарид аз он як кас зани ӯро. Ва мунташир сохт аз ин ду кас мардони бисёр ва занони бешумор». Ҳамчунин дар сураи «Шӯро», ояти 11 таъкид шудааст: «Аллоҳ пайдокунандаи осмону замин аст. Ӯ аз ҷинси худатон бароятон зан офарид». Аз оятҳои мазкур исбот шуд, ки фитрати рӯҳонии зану мард яксон буда, ҳар ду назди Худованд баробар ба ибодат кардан масъуланд.

Худованд мефармояд: «Боз дурустандом кард инсонро ва дамид дар вай рӯҳи худро». Дамидан (пуф кардан) ин маъниро намедиҳад, ки Худованд дар инсон ҳулул кардааст. (Яъне, ба маънии пуф кардани инсонҳо нест). Балки мафҳуми ин ибора чунин аст, ки Парвардигор ҳиссае аз фитрати рӯҳонӣ ва илми хешро ба инсон ато намуд, то ин ки банда бо Худованд вобастагӣ дошта бошад.

Олими ҳиндустонӣ доктор Зокир Ноик мегӯяд, ки дар ин ҷо мурод Одам ва Ҳавво алайҳумоссалмонанд, ки Худованд аз рӯҳи худ ба ишон дамидааст. Рӯҳи дамидашуда аз ҷониби Худованд дар вуҷуди инсон сифате аз сифатҳои илоҳӣ аст, ки ҳайсияти аксро дорад. Мисли зиндагӣ, илм, қудрат, ихтиёр, ирода ва соири сифатҳо ки маҷмӯаи онро рӯҳ мегӯянд. Аз ҳамин сабаб инсонро халифаи Худо дар рӯи замин гуфтаанд. Ба таъзими Одами хокӣ бо амри илоҳӣ фариштаҳо саҷда карданд.

Худованд дар сураи «Бани Исроил», ояти 70 мефармояд: «Ҳар оина бузург сохтем (каромат додем) фарзандони Одамро ва бардоштем ишонро дар биёбон ва дарё. Ва рӯзӣ додем ишонро аз покизаҳо ва бартарӣ додем ишонро бар бисёри аз он чӣ офаридаем бартарӣ доданием». Дар ояти шарифа «банӣ Одам», яъне авлоди Одам зикр шудааст, ки мурод аз он марду зан аст. Барои ҳар ду муждаи иззат дода шудааст.

Қуръони Маҷид модар шудани занро барояш иззат дониста чунин мефармояд: «Мо ба инсон дар бораи падару модараш суфориш кардем. Модараш ӯро бо нотавонӣ болои нотавонӣ ҳамл намуд. (Ҳангоми бордорӣ ҳар рӯз ранҷу нороҳатии тозаеро мутаҳаммил мегардид) Ва даврони ширхорагии ӯ дар ду сол поён меёбад». (Сураи «Луқмон», ояти 14)

Дар сураи «Аҳқоф», ояти 15 чунин таъкид шудааст: «Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад. Модараш ӯро бо нороҳатӣ ҳамл мекард ва бо душворӣ таваллуд намуд. Ва даврони ҳамлу аз шир ҷудо карданаш сӣ моҳ аст».

Аз оятҳои боло маълум мешавад, ки ислом мақоми зан-модарро баланд бурдааст ва модарро ба эҳтирому иззати ҳамешагӣ сарфароз сохтааст. На ин ки мутобиқи навиштаи расонаҳои дурӯғпардози ғарбӣ гӯё ҳуқуқи ӯро паст задааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД