Soranus
Мафтуна чун Беҳзод машҳур шуданист
1171

 

Мафтуна Қодироваи 20-сола сокини шаҳри Турсунзода аст. Ӯ   муддати мадид бо рассомӣ машғул буда, айни ҳол дар риштаи рассомии Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн таҳсил карда истодааст. Қаҳрамони мо ҷавон бошад ҳам, аллакай садҳо мусаввара офаридааст.

Мафтуна бештар табиати зебои Тоҷикистон, мавзеъҳои таърихӣ ва портрети одамонро (тибқи фармоиш) тасвир мекунад.

Хабарнигори сомонаи Oila.tj Абдуғаффор Шодиев бо ин духтари мониқалам ҳамсуҳбат шуда, перомуни зиндагӣ ва ҳунари ӯ қисса мекунад.

Мафтуна аз хурдсолӣ бо рассомӣ машғул аст. Вай ҳанӯз аз синни 12-солагӣ ҳамарӯза ҳамроҳи падараш соатҳо ба тасвири манзараҳои зебои шаҳри Турсунзода ва асарҳои гуногун машғул мешуд. Бо мурури вақт меҳри ҳунари рассомӣ дар дилаш амиқтар маъво гирифт ва Мафтуна бо раҳнамоии падар ба мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Турсунзода шомил шуд.

"Синфи 6 будам, ки бо раҳнамоии падарам ба мактаби рассомии бачагона дохил шудам. Он ҷо тамоми нозукиҳои санъати рассомиро аз худ кардам. Падарам ҳам замони наврасияшон муҳассили ҳамин мактаб будаанд, аз ин рӯ, аз асрори ҳунари рассомӣ ба хубӣ воқифанд. Хурдсол будам, ки падарам ба ман варақу мӯйқалам дода, рассомиро меомӯхтанд. Устоди аввалинам дар рассомӣ падарам мебошанд",-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Мафтуна Қодирова бештари асарҳояшро дар қолаби жанрҳои "портрет", "живопис", "натюрморт" ва "пейзаж" омода мекунад. Баъзе мусаввараҳояш тахайюлӣ ва бархеашон воқеӣ буда, бо санъату маҳорати баланд офарида шудаанд. Қаҳрамони мо ҳамзамон бо дархости муштариён рӯи девор манзара ва ё мавзеҳои таърихиро тасвир мекунад.

"Дар иду ҷашнҳо ба мо фармоиш зиёдтар мешавад, масалан дар рӯзи модарон аксарият акси модар ва ё пайвандонашонро мехоҳанд туҳфа кунанд. Ғайр аз ин, дигар мусаввараҳоро низ харидорӣ мекунанд",- гуфт Мафтуна Қодирова.

Қаҳрамони мо барои он, ки рассоми беҳтарин шавад, ҳамарӯза 3-4 соат вақташро бо расмкашӣ мегузаронад. Вай ҳамчунин дар намоиши расмҳои ҳунармандони маъруф иштирок карда, аз эҷодиёти онҳо баҳравар мегардад.

Мафтуна Қодирова мегӯяд, ки тасвир кардан аз ҳама шуғли дӯстдоштааш асту тавассути он худро хушҳол месозад.

"Ҳар рӯз, агар ками кам як ё ду соат ба рассомӣ машғул нашавам, зиқ мемонам. Эҷод кардан, офаридани асарҳои зебо, тасвири чеҳраҳо, нақшу нигори миллӣ, манзараҳои зебои Тоҷикистон-Ватани азизамон ба ман натанҳо рӯҳу илҳом, балки неру мебахшад. Мехоҳам ҳарчи бештар машғули рассомӣ бошам",- бо хушҳолӣ иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Қаҳрамони мо то имрӯз дар озмунҳои зиёди шаҳриву ҷумҳуриявӣ дар Турсунзода ва пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе иштирок карда, ғолибият ба даст овардааст. Ӯ натанҳо дар озмунҳои рассомӣ, балки дар дигар озмунҳо низ ширкат меварзад. Аз ҷумла дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Кадбонуи беҳтарин" борҳо иштирок карда, ғолибият ба даст овардааст.

"Дӯзандагиву пазандагиро хеле дӯст медорам. Дар овони мактабхонӣ ба маҳфилҳои пухтупаз ва дӯзандагӣ мерафтам. Ҳарчанд модарам ба ман ин ҳунарҳоро меомӯзониданд, вале хостам боз пурратар тарроҳӣ ва пухтупазро омӯзам. Ғайр аз ин, худам ҳам шавқи зиёд доштам. Чунин маҳфилҳо албатта барои мо наврасон хеле муфиданд",- мегӯяд ин духтари ҳунардӯст.

Яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи Мафтуна китобхониву шеърхонӣ мебошад. Ӯ гоҳ-гоҳ ғазалҳои шоирони муосиру классикро қироат карда, навор омода мекунад. Ба гуфтаи Мафтуна, наворҳояшро худаш танзим карда, дар саҳифаҳояш ҷой медиҳад. Наворҳои шеърхонии ин духтараки ҳунарманд аз ҷониби обуначиёнаш хуш истиқбол меёбанд.

Мафтуна Қодирова ҳанӯз донишҷӯ аст. Ӯ дар соҳаи рассомӣ нав қадамҳои мустақилона гузоштааст. Дар ин муддати кӯтоҳ Мафтуна тавонист бо самари дастони муъҷизаофараш таваҷҷуҳи ҳунардӯстонро ба офаридаҳояш ҷалб кунад. Мусаввараҳои "Модар", "Раққосаи балет" ва даҳҳо портрети одамон, ки бо қалами Мафтуна тасвир шудаанд, аз маҳорату истеъдоди баланди ин рассоми ҷавон далолат медиҳанд.

Мафтуна Қодирова мехоҳад дар оянда боз ҳам ҳунарашро сайқал дода, мисли рассомони шуҳратёри тоҷик Монӣ ва Камолиддин Беҳзод машҳур гардад ва баҳри муаррифии санъату ҳунари тоҷик саҳм гузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД