arzon replenishment
Маффинҳои шоколадӣ барои дастурхони идона
20.04.2023
ОИЛА
482


Иди саиди фитр барои бонувон як нав мусобиқаи нишон додани ҳунару маҳорати кадбонугии худ мебошад. Аз ҳамин хотир ҳар як зан кӯшши мекунад, ки ягон ширинии аҷиби хуштамъу хушранг пухта, меҳмононеро, ки ба хонааш меоянд, дар ҳайрат гузорад.

Ба хотири кӯмак ба занҳои тоҷик мо тарзи пухтани “Маффинҳои шоколадӣ”-ро манзури кадбонуҳои азиз месозем.

120 гр орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда (разрыхлитель), 2 тухм, 90 гр шакар, 5 қошуқ шир, 2 қошуқ асал, ванилин.

Тарзи таҳия:
Тухмҳоро бо шакару ванилин лат занед, сипас ширу асал илова карда, латзаниро идома диҳед. Орду моддаи ковоккунандаро омезиш дода, мувофиқи табъ метавонед чормағз илова кунед. Ба қолабчаҳои кекспазӣ хамирро то ним пур карда, дар ҳарорати 180 дараҷаи тафдон муддати 20-25 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД