Sebiston new 2024 october
МАҲДУДИЯТҲО ДАР ГУЗАРОНИДАНИ ТӮЙ ВА МАЪРАКАҲО БАРТАРАФ ШУДАНД, АММО...
1665

Хушбахтона бемории хатарноки коронавирус, ки сар то сари ҷаҳонро ба ларза оварда буд, дар Тоҷикистон ба пуррагӣ мағлуб карда шуд. Шурӯъ аз 1-январ то ба имрӯз дар кишвар ягон ҳолати гирифторшавӣ ба Ковид-19 ба қайд гирифта нашудааст. Бо дарназардошти беҳтар шудани вазъи эпидимологӣ маҳдудиятҳое, ки бо мақсади пешгирии хурӯҷӣ коронавирус дар гузаронидани тӯй ва маъракаҳо ҷорӣ шуда буданд, аз байн бардошта шуданд.

Тавре ки Спутник хабар додааст, тӯйдорон имкон доранд, ки минбаъд ба маҳфили арӯсиву домодии фарзандонашон то 100 нафар меҳмонон даъват намоянд.

Таъкид шудааст, ки домоду арӯс ва меҳмонон бояд ба базмгоҳ бо ниқоб биёянд. Кормандони тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳое, ки базмҳои тӯёна гузаронида мешаванд, муваззаф гардонида шудаанд, ки риояи қоидаҳои пешгирии коронавирусро зери назорат гирифта, касеро бидуни ниқоб даромадан нагузоранд.

Аҷиб, вақти хӯрок хӯрдан меҳмонони даҳонбаста чӣ кор мекарда бошанд?! Агар дар сари миз меҳмонон ниқобҳояшонро мекашида бошанд, пас аз пӯшидани ниқоб танҳо ба хотири ворид гаштан ба базмгоҳ чӣ суд?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД