Дар як чорабинӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз миёни иштирокчиён хоҳишмандонро тавассути дастгоҳи рентгени сайёр аз санҷиши ройгон гузарониданд.
Тавре дафтари матбуотии Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” мегӯяд, ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии аҳолӣ дар бораи бемории сил, аз ташхиси ройгони рентгенӣ гузаронидани хоҳишмандон ҷиҳати дарёфти саривақтии ҳолатҳои бемории сил, кумаку дастгирӣ ба Маркази ҳимояи аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ тавассути ҷамъоварии маблағи муайян аз ҳисоби чорабинӣ мебошад, ки он барои таъмиру кумак ба ин марказ супорида мешавад.
Дар чорабинии мазкур намояндагони ҳукумати милливу маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахсони аз сил осебдида, кормандони иҷтимоӣ, дар маҷмуъ беш аз 5000 сокини ноҳияи Восеъ ва навоҳии гирду атроф он ширкат карданд.
Дар баробари ин, овозхонҳои шинохта Нозия Кароматулло, Ҳабиб Ҳакимов, Зайнура Пӯлодова, Рӯзибеки Файзалӣ, Арсен Шеров, ҳамчунин ҳаҷвнигорони тоҷик Ҷамшеди Ҳалим, Муқимҷон Абдуфаттоев ва гурӯҳҳои рақсиву навозандагони ноҳияи Восеъ иштироку ҳунарнамоӣ карда, хотири ҷамъомадагонро болида намуданд.