Чанд вақт шуд, ки маро як мушкилӣ азият медиҳад. Дар гулӯям чизе ба монанди балғам ҷамъ шуда, худро бисёр нороҳат эҳсос мекунам.
Дилам беҳузур шуда, баъзан қайъ мекунам, вале чизе, ки мепартоям, моеъи ғоздоре буда, ба балғам монандӣ надорад. Аз як духтури шиносам пурсидам, гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд “слиз”-луоб аст. Илтимос, дар бораи сабабҳои ҷамъшавии луоб дар гулӯ ва роҳҳои табобати он каме маълумот диҳед.
Муниса, аз Ашт.
Посух
Ҷамъшавии луобро дар гулӯ бо забони тиббӣ “Постназальный затёк” меноманд. Луобе, ки дар гулӯ ҷамъ мешавад, дар ҳақиқат касро бисёр нороҳат намуда, боиси пайдо шудани сулфи хушк, дилбеҳузурию қаъкунӣ ва ҳатто тағйир ёфтани овоз гашта метавонад.
Аслан луобе, ки дар лугӯ ҷамъ мешавад, обест, ки бояд аз бинӣ резад, вале бо воситаи девораи қафои бинӣ бо гулӯ шорида, ҷамъ мешавад.
Сабабҳои пайдоиш
Омили асосии пайдошавии луоб ва ҷамъшавии он дар гулӯ вайрон шудани низоми кори ғадудҳои эпителии ковокии даҳон, бинӣ ва гулӯ мебошад, ки боиси ба илтиҳоб гирифтор гаштани ин узвҳо мегардад. Илтиҳоб касро ба ренит, ринофарингит ва синусит гирифтор карда метавонед. Ин бемориҳо дар навбати худ боиси пайдо шудани луоб мегарданд.
Бемориҳои илтиҳобии бинӣ дар навбати худ инфексионӣ ва ғайри инфексионӣ мешаванд. Омилҳои инфексионии пайдоиши луоб дар гулӯ ин зуком, ОРВИ, аденовирус, риновирус, коронавирус мебошанд. Бояд гуфт, ки бактерияҳо, аз ҷумла стрептококк ва стафилакокк низ боиси пайдо шудани луоб ва шоридани он ба гӯлу гашта метавонанд. Аниқтараш илтиҳоби вирусӣ барои пайдо шудани луоб замина фароҳам меорад.
Сабабҳои дигари пайдоиши луоб ин мавҷуд будани гӯшти зиёдатӣ дар бинӣ, каҷ будани устухонҳои бинӣ, полип, аденоид ва аллергия мебошанд. Тасодуфан чизе ба бинӣ равад ҳам, метавонад боиси пайдо шудани луоб гардад. Нафас кашидани ҳавои аз ҳам хунук ё гарму хушк, кори вазнини ҷисмонӣ, машқҳои зиёди варзишӣ, истеъмоли ғизоҳои тезу тунд ва ширӣ ҳам метавонад боиси ҷамъшавии луоб дар гулӯ гардад.
Нишонаҳои беморӣ
Нишонаҳои асосии беморӣ инҳоянд:
● Ҷамъшавии луоб дар гулӯ ва эҳсоси нороҳатӣ
● Хушкшавӣ ва хориши гулӯ
● Сулфаи хушке, ки бештар субҳ ва шабона авҷ гирифта, баъзан боиси қайъ кардан мегардад.
● Душвор шудани нафаскашӣ бо бинӣ
● Тез-тез маҳкам шудани бинӣ
● Беҳолию бемадорӣ
● Вайроншавии реҷаи хоб
● Дарди сар
● Дарди мушшак ва устухонҳо
● Баъзан баланд шудани ҳарорати бадан
● Хориши гулӯ, атсазанӣ ва сурхшавию обравии чашмон, агар луоб бар асари аллергия пайдо шуда бошад.
Ташхис ва табобати беморӣ
Шахсоне, ки аз мушкили ҷамъшавии луоб дар гулӯ азият мекашанд, бояд барои ташхису табобат ба терапевт, духтури оилавӣ ва ё табиби соҳавии отолоринголог (ЛОР) муроҷиат намоянд. Духтур беморро муоина намуда, баъди гузаронидани ташхсҳои зерин табобат таъин мекунад:
● Риноскопия-духтур бо дастгоҳи махсус бинӣ ва ҳалқро дида мебарояд, то ҳолати увзро бифаҳмад.
● Рентгенография ё томографияи компютерӣ.
● Тахиси умумии хун бо мақсади фаҳмидани он ки беморӣ бар асари инфексия ва бактерияҳо пайдо шудааст ё аз аллергия
● Ташхиси бактереологии “мазок” аз бинӣ ба хотири муайян намудани барангезадаҳои беморӣ.
Дар зарурат отоларинголог метавонад беморро ба назди аллерголог, гастроэнтеролог ва табиби асабшинос фиристад.
Табобати беморӣ асосан бо воситаи доруворӣ сурат мегирад, вале дар бинӣ гӯшти зиёдатӣ, полип бошад, устухони бинӣ каҷ бошад ё ягон ашё ба бинӣ рафта бошад, дар чунин ҳолатҳо зарурати гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба миён меояд.
Маслиҳати мо ба шумо ҳаимн аст, ки ҳатман ба табиби оилавӣ, терапев ё отолоринголог (ЛОР) муроҷиат намуда, аз паси табобат шавед. Фаромӯш накунед, ки барои халосӣ аз луоби гулӯ шумо бояд бемориеро, ки боиси пайдо шудани луоб мегардад, решакан намоед.
Боқӣ бароятон саломатӣ мехоҳем!
Ф. Сатторӣ