formula feb 2025
Лолаи сиёҳ (ҚИСМИ 4)
1376

Нозия ба суҳбат овора бо Закия, нафаҳмида монд, ки рӯз чихел бегоҳ шудааст. Закия он шаб дар хонаи Нозия хоб кард. Нозия шабона ба ӯ албоми аксҳои оилавиашонро нишон дод. Акси модари Нозия ба назари Закия хеле шинос намуд.

- Исто дугона, ин акси модарат?

- Ҳа, очаҷони ҷавонмаргам…

- Худо раҳматаш кунад. Аммо ман ин аксро дар куҷое дидааму рости гап, ҳеч ба хотирам намеояд. Вале аниқ медонам, ки ин расмро дар куҷое дидаам. Ҳамин ки ба ёдам омад, мегӯям дар куҷо дидаам.

Субҳ Закия бо ӯ хайрухуш карда, гуфт, ки акнун онҳо мисли апаву хоҳаранд ва зуд-зуд бо якдигар мулоқот хоҳанд кард.

- Дугонаҷон, акнун якдигарро дастгирӣ мекунем. Дар ҳақиқат дар дунё ҳаммонандҳо хеле зиёданд. Ин кори Худо аст. Ту ба ман ақаллан почтаи электронии Фаридатро ёфта те, ман ба ӯ ҳамаашро мефаҳмонам.

Нозия нисфирӯзӣ ба хоҳарзодаи Фарид занг зада, хоҳиш кард, ки нишонии электронии ӯро барояш бидиҳад. Баъди панҷ дақиқа ба рақами телефони мобилиаш нишонии электронии Фаридро хоҳарзодааш тарики СМС фиристод. Нозия ба Закия занг зада, ин СМС-ро равон кард. Закия вақти холигиаш тариқи телефон ба почтаи электронии Фарид дӯстӣ равон намуд. Баъди ним соат ба почтаи электрониаш хоҳиши қабули дӯстии ӯ омад. Закия, ки дар сайт худро Гуля гуфта муаррифӣ карда буд, Фарид аз кӣ будани ӯ тамоман огаҳӣ наёфт.

Суҳбати виртуалии онҳо аз ҳамон шаб сар карда оғоз ёфт. Аввалҳо ҳамчун дӯст гап мезаданд. Аммо баъдтар Фарид сахт ба ин духтари ношинос одат кард. Закия ҳам ба акси Фарид нигариста, рози дил мекард. Боре Закия аз Фарид суол кард, ки ягон касро то ин вақт дӯст доштааст ё не.

- Дӯст медоштам. Ҳатто дар фотиҳа будем. Аммо ӯ ишқи поки маро поймол карда, ба фиребу раққосагӣ машғул будаасту ман бехабар.

… Пас гапи Нозия беҳуда набудааст. Аз боиси монандии ман ба Нозия ӯ аз баҳри дӯстдоштааш баромада, ба Русия рафтааст. Барои ҳамин, ман ӯро фиреб карда мегӯям, ки Нозия дар асл раққоса асту ман не. Фаридро аз худ мекунам.

Фарид чанд бор ба ў гуфт, ки пули чиптаашро фиристад, наздаш ба Русия биёяд. Закия бо худ нақша кашид, ки ба назди Фарид ба Русия меравад. Аммо то ба назди Фарид расидан сиррашро, ки ӯ дигар кас аст, фош намекунад. Ҳоло ӯ барои Фарид Гуля буд.

Нозия боре ба ӯ занг зада, пурсон шуд, ки оё дараки Фаридро ёфт ё не.

- Аз куҷо меёбам Фариди туро. Ман чунон серкорам, ки мондан гир. Ният дорам, ки ба назди тағоям ба шаҳри Маскав равам.

- Агар равӣ, дигар дар атрофи номи ман ҳар хел гапу калочаҳо паҳн намешаванд.

- Ҳамин ки расидам, зангат мезанам, дугона.

Закия ба воситаи бонк пули фиристодаи Фаридро гирифту барои худаш чипта харид. Фарид интизори ба қавле Гуля дар фурудгоҳ бо гулҳои сафеди садбарг барои пешвоз баромад. Аммо ҳамин ки Закияи ба Нозия як себи ду кафон монандро аз дур дид, дар ҷояш аз ҳайрат карахт шуда монд. Ҳам хурсанд шуду ҳам ғамгин. Чунки аз таҳти дил Нозияи азизашро пазмон шуда буд. Закия, ки аз аксаш симои Фаридро дида буд, сӯяш хандону шукуфон омада, чунин гуфт:

- Салом азизи дилам, чӣ дар ҷоят шах шуда мондӣ? Ман барои ту сюрприз кардам.

- О ин туӣ, Нозия? Охир ту тамоман дар бораи интернет тасаввурот надоштӣ ку.

- Ба хотири ишқи ту интернетро ёд гирифтам.

- Раққосагиро партофти чӣ?

- Медонӣ, ин қиссаи дигар аст. Рафтем ба хонаат, он ҷо ман ҳамаашро ба ту нақл мекунам.

Вақте ки Закия мисли актрисаҳо нақш бозида, худро ба мисли фаришта поку бегуноҳ нишон дода нақл кард, ки дар шаҳр мисли худаш ҳаммонанд (двойник) дорад, чеҳраи Фарид дигаргун шуда, нобоварона ба ӯ менигарист. Вақте ки Закия қасам болои қасам хӯрд, бовар кард.

- Аҷабо, ин хел ҳам мешудааст, ки ду одами ношинос ин қадар ба ҳам монанд бошанд. Ту чӣ ҳол дорӣ? Сахт пазмонат шудам. Маро бубахш барои туро партофта омаданам. Ин ҳама аз рашк буд. Ҳарчанд бо чанд духтар шинос шуда бошам ҳам, ҳамеша симои ту пеши назарам буд ва танҳо туро дӯст медоштам.

- Ман ҳам,- бо ишваву ноз ҷавоб дод Закия.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД