Маҳсулоти лозима:
500 грамм хамири қабатӣ, 3 дона сафедии тухм, каме кислотаи лимӯ, каме намак, 200 грамм шакар, 60 мл об, 1 дона зардии тухм (барои молидан).
Тарзи таҳия:
Аз фолга қолабҳои конусшакл омода кунед. Хамирро рӯйи мизи ордпошида то 0,5 сантиметр тунук намуда, ба тасмаҳои паҳнояшон 2–2,5 сантиметр буред. Тасмаҳоро гирди қолабҳо печонда, бо зардии тухм молед ва дар танӯри то 180 дараҷа гармшуда 15–20 дақиқа пазед. Барои тайёр кардани крем, шакар ва обро ҷӯшонда, шарбат омода кунед. Сафедии тухмро бо намак ва кислотаи лимӯ то кафки ғафс лат занед. Ҳангоми лат задан, шарбати гармро оҳиста-оҳиста илова намуда, боз 5 дақиқа лат занед. Креми тайёрро ба халтаи қаннодӣ андохта, пас аз хунук шудани лӯлачаҳо бо крем пур кунед.