Commerce bank may-june 2026
Лионел Месси барои бохташон ашк рехт, вале мардонавор иқрор шуд, ки суст бозӣ карданд
20.07.2026
Оила
71

Лионел Месси барои бохташон ашк рехт, вале мардонавор иқрор шуд, ки суст бозӣ карданд

Лионел Месси, капитани тими Аргентина ва барандаи ҳашткаратаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» (Ballon d'Or), бар ин назар аст, ки дастааш дар финали “Ҷоми ҷаҳон-2026” дар ҳақиқат нисбат ба Испания заифтар бозӣ кард. Дар ин бора ESPN хабар додааст.

«Ман ғамгинам, аммо дарк мекунам, ки мо тамоми талоши худро ба харҷ додем», — гуфтааст Лионел Месси ва афзудааст, агар росташро гӯям, онҳо беҳтар буданд. Мо шикаст хӯрдем ва инро қабул дорем. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо ҳама дастовардҳои то имрӯз ба даст овардаи худро фаромӯш мекунем. Мехоҳам ба тамоми даста, бозигарон ва кишвар изҳори сипос намоям».

Пас аз шикаст аз Испания дар бозии ҳалкунанда, Лионел Месси натавонист ашки худро нигоҳ дорад. Чанде пас, дар саҳифаи расмии дастаи мунтахаб паёме ба унвони Месси нашр шуд. Дар он омада буд: «Ашки ту — ашки мост, капитан. Мо ҳамеша туро дӯст хоҳем дошт, Лео!» Ёдовар мешавем, ки Аргентина дар финали Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дар вақти иловагӣ бо ҳисоби 0:1 аз Испания шикаст хӯрд ва натавонист унвони қаҳрамони футболро, ки соли 2022-ро, ки дар Қатар ба даст оварда буд, ҳифз намояд.

Барои Лионел Месси ин мусобиқаи “Ҷоми ҷаҳон” шашумин ва эҳтимолан охирин мусобиқаи бузург дар фаъолияти варзишиаш буд. Ҷоми ҷаҳонии навбатӣ соли 2030 баргузор мешавад ва он замон ин ҳамлагари маъруф 43-сола хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки Месси бори аввал дар Ҷоми ҷаҳонӣ соли 2006 ба майдон баромада буд. Дар маҷмӯъ, дар ин мусобиқаҳо вай 34 бозӣ анҷом дода, 21 гол задааст ва 12 партофти голӣ дошт.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД