Маҳсулоти лозима:
Чаппотӣ (лаваш), 600 гр фалла, ҷаъфарӣ ва шибит, пиёзи сабз, 2 тухм, намак мувофиқи табъ.
Тарзи таҳзия:
Пиёзу кабудиро маҳин реза кунед. Ба он фаллаву тухм ва намакро илова кунед. Чаппотиро паҳмияш 10-12 сантиметр ба таври тасмашакл бурида, дар як кунҷи он қимаи фаллагинро гузошта, ба шакли лифофа тоб диҳед. Лифофаҳоро дар миқдори ками равғани растанӣ аз ду тараф сурх кунед.