Arzon march 2024
Леван Хомерики ба тими миллии Тоҷикистон шомил гардид
200

Мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики ба ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон шомил шуд. Леван Хомерикии 51-сола ба Гела Шекиладзе дар ҳайати тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон кумак мекунад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Хомерики дар давраи бозигарӣ ҳамчун ҳамлагар дар бошгоҳҳои Гурҷистон, Исроил, Белгия ва Швейтсария баромад кардааст. Дар мавсими 1997/98 ӯ беҳтарин нишонзани чемпионати Гурҷистон шуда буд.

Пас аз анҷоми фаъолияти бозигарӣ, ӯ ба мураббигӣ гузашт. Дар бошгоҳҳои Гурҷистон - «Динамо» (Батуми), «Гурия», «Телави» ва «Самгурали» ба ҳайси мураббӣ кор кардааст. Илова бар ин, дар мунтахабҳои мухталифи Гурҷистон (U-17, U-19, U-21), инчунин дар тими миллии ин кишвар дар вазифаи мураббӣ кор кардааст. Иҷозатномаи мураббигии «Pro»-и УЕФА-ро дорост.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД