Arzon march 2024
ЛЕВАКАНД: НОНИ ХУШКУ ОБИ ХУНУК Ё САРНАВИШТИ КӮДАКОНИ ПОЙЛУЧУ МОДАРИ ГИРЁН
4369
ЛЕВАКАНД: НОНИ ХУШКУ ОБИ ХУНУК  Ё САРНАВИШТИ КӮДАКОНИ ПОЙЛУЧУ МОДАРИ ГИРЁН


Муддати 15-сол аст, ки сокини деҳаи Нурафшони шаҳри Леваканд Моҳшариф Назарова фақат мегиряду мегиряд. Мегиряд аз талхиҳои зиндагӣ, мегиряд ба ҳоли зори худ ва бачаҳои сарлучу пойлучаш, мегиряд барои шавҳари ғарибаш, ки бо пойҳои маҷақшуда дар мулки рус бесоҳиб хобидааст. Дар чашмони маҳзуни ин зан аз гиряву нолаи бисёр дигар об намондааст...

Моҳшариф бо панҷ фарзанди хурдсолаш 15-сол боз дар ана ҳамин хаскапа дар шароити ниҳоят душвор умр ба сар мебарад. Манзили зисти ин оила аз гил сохта шуда, ҳатто пойдевор надорад. Боми хонаро бо шоҳаҳои дарахтон пӯшондаанд. Манзили онҳо на фарш дорад, на шифт, ҳар шаб ин зани бетолеъ дар рӯйи хок барои худ ва панҷ фарзандаш ҷогаҳ андохта, бо дили пурхун сар ба болин мениҳад.

Фасли тирамоҳ фаро расидаву ҳаво хеле сард гаштааст, аммо бачаҳои Моҳшариф то ҳол таги як курта ва бо пойпӯшҳои резинии тобистона мегарданд. Ин кӯдакони бетолеъ ҳатто ҷӯроб надоранд, ки пойҳои кӯчакашонро андаке ҳам бошад, аз шиддати сармо муҳофизат кунад.

Агар бо зиндагии сахти ин оила аз наздик шинос шудан хоҳед, ба навори видеои мо таваҷҷӯҳ намоед!

ТЕЛЕФОНИ МОҲШАРИФ НАЗАРОВА: 907706029

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД