arzon replenishment
Леваканд: Ҷанг аз рӯи як порча замин
07.05.2020
Р. Азимӣ
3279

Муноқишаи байни ду ҳамсоя дар ҷамоати деҳоти Ботурободи шаҳраки Леваканд (Сарбанд) ба марги як ҷавони 30 сола анҷом ёфт. Дар ин бора Фирӯз, як сокини деҳоти ҷамоати Ботуробод ба хабрнигори сомонаи Оила хабар дод.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо муноқиша дар пайи як баҳсу нофаҳми байни ду оила сар задааст. Се бародар, Аҳмад ном ҷавони ҳамсояашонро барои ҳалли мушкиле, ки байнашон мавҷуд буд ба сӯҳбат даъват мекунанд. Баҳсии лафзии онҳо ба ҷангу занозанӣ табдил меёбад. Бародарон Аҳмадро то аз пой афтидан мезананд. Пас аз зарбаи сахт ба пушти сар ҷавон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Сабаби дақиқи сар задани ҳодиса ва баҳси байни ду оила ҳоло ба мо маълум нест, аммо ба гуфтаи ҳамдеҳаҳои онҳо ба эҳтимоли зиёд муноқиша сари баҳс барои замин рӯ задааст. Мақомот аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода, тафтишон идома дорад. Аз Аҳмади 30 сола, ду фарзанд,кӯчак мерос мондааст.

Ин бори аввал нест, ки барои замин ду ҳмсоя бо ҳам меҷанганд. Тақсими замин яке аз мавзуҳои пурбаҳс дар кишвар аст ва мавридҳое ҳам кам нест, ки аъзоёни як хонавода ва хешу табор барои замин моҳу солҳо баҳс мекунанд ва ин баҳсҳо аксаран дар додгоҳ баррасӣ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД