arzon replenishment
Лахш: Рӯзгори сарвару омӯзгор ва хонандагони як мактаб
1868

Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №45-и деҳаи Навдиёри ноҳияи Лахш мактаби навтаъсис аст, чун деҳа навбунёд буда, аҳолиаш аз дигар мавзеъҳои ноҳия ин ҷо омадаанд.

Сарварии муассисаро имрӯз Омина Сафарова, ҷавони кордон ва омӯзгори пешини ҳамин мактаб бар уҳда дорад. Суҳбати мо бо директори муассиса ва кормандону шогирдонаш дар ҳошияи омодагӣ ба Рӯзи дониш сурат гирифт.

Омина Сафарова ҳангоми суҳбат бо Oila.tj гуфт, мактаби зери роҳбариаш якбаста буда, аз 5 синфхона иборат буда, қаблан он ҷо 10 омӯзгор кор мекард, ки аз инҳо 3 нафар мард буд. Чун маош кам аст, мардҳо ба муҳоҷират рафтанд. Ҳоло ниёз ба як омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дорад.

Дар муассиса ба фарқ аз мактабҳои дигар хонандагони ду синфи мухталиф дар як синфхона ва як вақт мехонанд. Аз ҷумла, синфи 1 ҳамроҳ бо 3, 2 бо 4, 5 бо 6 ва 7 бо 8 хонда, синфи 9 танҳо таҳсил мекунанд. Ҳамин тавр, аз рӯи нақшаи таълимӣ омӯзгор давоми 45 дақиқа якбора дар ду синф дарс медиҳад.

“Масалан, ба хонандагони синфи 1 аз рӯи китоби “Алифбо” супориш дода, ба пурсиши хонандагони синфи 3 мегузарад. Боз ба онҳо супориш дода, бо хонандагони синфи 1 дарс мегузарад”, - гуфт сарвари мактаб

Сарвари мактаб гуфт, духтарон нисбат ба писарон бештар буда, имсол 8 нафар ба синфи 1 қабул шудаанд. Дар синфи 4 ҳамагӣ 6 нафар ва синфи 2 ҳудуди 12 нафар хонда, ҳамин тавр, ҳамагӣ 49 хонанда доранд.

“Дар мактаб таваҷҷуҳ ба озмуну олимпиадаҳо хуб буда, хонандагон борҳо то даври ноҳиявию минтақавӣ роҳхат гирифтаанд. Аммо, ҳоло ягон дастовард надорем”, - гуфт ӯ.

Шаҳбоз дар ин мактаб дар синфи 7 мехонад. Ӯ орзу дорад, ки баъди хатми мактаб ба донишгоҳи дохил шаваду аз рӯи ришта забону адабиёти тоҷик таҳсил намояд. Борҳо аз ин фан ба озмунҳо низ рафтааст, вале аз ноҳия чанд бор ноком баргаштааст.

“Мехоҳам, ки дар оянда омӯзгори забону адабиёти тоҷик шавам. Бародари калонам табиб аст. Ман мехоҳам, ки муаллим шуда, дар мактаби худамон дарс диҳам”, - гуфт Шаҳбоз.

Сумая ба фарқ аз Шаҳбоз оянда чевар шуданист. Ӯ, ки акнун дар синфи 6 мехонад, зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, бузург шуда, дӯзанда мешаваду барои ҳамсояҳояшон куртаҳои зебо дӯхта медиҳад.Ҳамзамон, фаротар аз 12 сол сарвари мактаби №45-и деҳаи Навдиёри ноҳияи Лахш буд.

Шукрона Сафарова омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷики ин мактаб аст. Ӯ,ки дар бахши ғоибонаи Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт аз рӯи ин ришта таҳсил дорад, ба донишҷӯён вежагиои забони модариро меомӯзонад.

Бо қирғизу тоҷикҳо кор мекунад. Худ ҳам омехтаи ду миллат аст ва ҳеҷ гоҳ тафриқа нагузошта миёни ҳарду. Бо ифтихор мегӯяд, ки рисолати омӯзгорӣ дораду насли ду миллатро тарбия месозад. Ӯ ҳам баъди хатм маълумоти дуюм гирифтанист.

Шогирдонаш ҳоло барои ширкат дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омодагӣ мегиранд, то соли оянда ноҳияи Лахшро дар ин сабқати зеҳнии ҷумҳуриявӣ муаррифӣ намоянд.

Директори мактаб Омина Сафарова соли 2021 Донишкадаи омӯзгории Раштро хатм карду бо ҳадафи идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳо дар даст озими пойтахт шуд. Дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон азмашро хуш истиқбол карданд ва инак, муҳассили соли дуюм аст. Орзуи ҳуқуқшиносию омӯзгорӣ ҳамеша дунболашанд ва ӯ ҳам ба қасди кӯдакӣ дифоъгари ҳуқуқ шуд.

 

Мирсаид САТТОРИЁН,
Душанбе — Лахш — Душанбе

Аз идора: Матлаби мазкур дар доираи сафари "Корвони иттилоотӣ"-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ба шаҳру навоҳии минтақаи Рашт омода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД