1xbet
Лафзи бад наҳсӣ меорад
05.07.2025
А. СОБИР
292

Ин суханонро аз бачагӣ мешунавем, ки бадлафзӣ ва ё истифодаи алфози қабеҳ дар зиндагӣ ҳамеша бадбахтӣ меорад. Ман худ боре шоҳиди чунин ҳодиса гардидам.

Дар маршруткаи №1 аз истгоҳи Славянский нишастам ва аз паси ман ду навҷавон низ савор шуданд, ки бо ҳам ҷанги лафзӣ доштанд ва шӯхӣ ба шӯхӣ ҳамдигаро таҳқир мекарданд. Хостам онҳоро ба ифоқа орам, аммо як нафари онҳо гуфт: “Мебахшеду ин кори мо... Ба шумо халал нарасонидаем ку...”.

Он вақт ба худ андешидам: “Ба ман чӣ, мон очаи ҳамдигарро аз ҳаво бароранд...”. Аммо баъдтар аз ин кори худ пушаймон шудам, ки чаро садди роҳашон нашудам...

Дар наздикии истгоҳи Сафина” ҷавоне, ки қаддарозтар буд, ба ҳамроҳаш бо лафзи бади кӯчагӣ, гӯё шӯхӣ мекарда бошад, ҳақорат доду микроавтобусро нигоҳ дошта, фаромад ва аз пасаш рафиқаш ҳам фаромаданӣ шуд. Шояд ба хотири он, ки рафиқаш ӯро дарнаёбад, аввалӣ хост зудтар ба он тарафи кӯча гузарад ва ин дам таксии сабзе ба ӯ бархӯрд... ва ӯ парида ба лаби ҷӯйбор афтод. Рафиқаш инро дида, зуд ба наздаш омад ва онҳоро худи ҳамон таксӣ ба самти бемористон бурд. Ҳарчанд зарбаи кироӣ набуд, аммо камаш пояш шикаста буд, зеро ӯро ронанда бо рафиқи он ҷавон бардошта ба мошин савор карданд.

“Ана оқибати шӯхии ноҷо ва алфози бад...”,- гуфтам худ ба худ ва пушаймон шудам, ки чаро ин ҳақиқатро ба онҳо расонида натавонистам...

А. СОБИР, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД