Formula novemver 2024
КӮЗАПУШТРО ГӮР РОСТ МЕКУНАД!
10.05.2021
Оила
4822


Нагӯй, ки менависад!
Рӯзи истироҳат ҳамроҳи модарам ба тӯйи як хешамон рафтем. Азбаски модари маро ҳамчун муаллима ва зани бофарҳанг хуб мешиносанд, моро бо иззату эҳтиром пешвоз гирифтанд ва «хуш омадед муаллимаҷон, қадамҳоятон нури дидаву тоҷи сар» гӯён, ба хонае дароварданд, ки занҳои ба қавле «воломақом» нишаста буданд. Дар бари болои хона зане бо либосҳои бисёр зебои ҳоҷигӣ нишаста буд ва аз гӯру қиёмат гап зада, дар бораи гуноҳи нобахшиданӣ будани зино ва хиёнат вазъ гуфта, занҳоро ба покдомонӣ талқин менамуд. Модорам оҳиста ба гўши ҳамроҳаш гуфт:

- Сайрамҷон, ин зан кӣ бошад? Аз суханонаш маълум, ки бисёр зани худотарс ва аз дунёву охират бохабар аст.

-Эҳ муаллимаҷон, напурсед! Ба шарофати ҳамин занак ҳоло шавҳараш дар биҳишт кайфу сафо карда гаштааст,-тамасхуромез ҷавоб дод шарики модарам.

- Э гўр ҳамин шўхиҳои хунукатон шавад, Сайрамҷон, о кӣ ба он дунё рафта дар биҳишт кайфу сафо кардани шавҳари ин бибиотунро дидааст,-даст афшонд модарам.

-Худи шавҳари раҳматиаш дар хоби ин отунча даромада гуфтааст, ки Худо маро барои фоҳишаро ба роҳи рост дароварданам лоиқи биҳишт кард,-Сайрамхон ваҷоҳати ҷиддӣ гирифт.

-Чӣ?
Хола, магар ин зан фоҳиша буд?
- худро дошта натавониста ба суҳбаташон ҳамроҳ шудам ман.

-Ана, корро бало зад! Қасам хўрда будам, ки ҳамин журналисти дарди сарамро ба ҳеҷ куҷо ҳамроҳам намебарам, боз модар дия, дилам сӯхту духтарам ҳар рўз дар кор аст, бигзор як рўз дам гирад, гўён, ӯро ҳамроҳам овардам, ин бошад боз милиса барин пурсуҷӯя сар кард. Гўр дилсӯзиам шавад, кошки мемондам дар хона пӯсида мешишт,-модарам сӯйи ман чашм ало кард.

-Ҳа бачам, ин зан дар вақташ фоҳиша будагӣ, акнун отунча шуда ба дигарон дар бораи худою Расул гап мезанад,-Ба модарам аҳамият надода, ба саволи ман ҷавоб гуфт холаи Сайрам.

-Ҳой Сайрам, ақлат дар ҷояш, ба духтари ман ягон чиз нагӯй, ки даррав дар газета менависад, баъд ту дар бало мемонӣ. Аз пушти навис- нависи ин духтар ҷони ман дар азоб аст. «Қаҳрамонҳо»-и навиштаҳояш ба дари хонаам омада ба сари ман ҷанҷол мебардоранд.

-Ин бечорая касбаш ҳамин муаллима, духтаратона ҷанг накунед,-Сайрамхола табассум кард.
-Ҳой духтар, боз нанавсӣ, ки дигар туро ба ягон ҷо намебарам! Мурда- мурда дар хона мешинӣ,-таъкид намуд модарам.

Ин дам отанча вазъгӯйиро ба охир расонд ва тугунчаи пур аз хӯрданиҳои лазизу сарупои қимматбаҳоро, ки соҳибхона бо ҳазор узру маънӣ ҳамчун хизматона наздаш гузошта буд, гирифта аз дар баромад. Занҳо ба эҳтироми бибиотун аз ҷояшон бархостанд, ман ҳам аз паси ӯ равон шудам.
-Ҳой духтар, ту ба куҷо? Боз кофта-кофта ба хонааш наравӣ,-садо кард аз пасам модарам.

-Очаҷон, ташвиш накашед, ҳозир меоям,-инро гуфта осемасар аз дар баромадам.

-Нагуфтам-а, ҳоли ҳамин духтар думи ҳамон отуни бечораро гирифта ба хонааш меравад. Э духтаре, гард,-ба гӯш мерасид овози модарам.

-Монед, муаллима равад, ҳақиқатро мефаҳмем,-ӯро ором мекард Сайрамхола.

Меҳмони нохонда
Ба берун баромада хонаи отунро аз соҳиби маърака пурсон шудам. Занак бо гумони он ки аз ӯ сабақ гирифтан мехоҳам, бепарвоёна суроғаро дод. Кофта-кофта хонаашро ёфтам. Ҳавлии кушоду барҳаво ва хонаҳои на он қадар бодабдаба, аммо ботартибе доштааст отунча.

-Ба шумо кӣ даркор?
-Саволи духтарчаи тақрибан 12-13- сола риштаи хаёлоти маро барканд.

-Ба ман отун.
-Шумо кӣ?
-Ман журналист.
-Бибӣҷон, ин ҷо ким- кадом журналист пешатон омадааст,- духтарча отунро фарёд кард.
Соҳибхона бо ҳамон либосҳои зебои ҳоҷигӣ ба назди ман баромад. Хайрият, ки Худо маро зан офаридааст, агар мард мебудам, намедонам бо дидани ин зани зебои танноз ҳолам чи мешуд! Отун дар ҳақиқат олиҳа будааст! Ҳусну ҷамоли ӯро дида қариб мақсади ба ин хона омаданамро фаромӯш карда будам.

-Лаббай духтарам, гӯш мекунам,-Бо табассум пурсид отун.
-Ман журналист ҳастам ва пеши шумо барои пурсидани як чиз омадам.
-Суоли бобати дин?
-Не, мавзӯи дигар… дар бораи худатон…
-Нафаҳмидам?!
-Ман шунидам, ки шавҳаратон бо шарофати шумо биҳиштӣ шудааст…
-Яъне, мехоҳӣ саргузашти маро нависӣ?
-Ҳа, ҳамин тавр! Албатта, агар худи шумо зид набошед…
- Не, чаро зид бароям?! Офтобро ба доман пўшида намешавад, духтарам, хоҳ-нохоҳ як рўз не, як рўз ҳатман ин сир фош мешавад. Беҳтараш худам гўям, то мардум асли гапро фаҳманд. Марҳамат ба хона даро.
Ман, ки баъди саволи беҷои додаам чунин муносибати нармро аз отун интизор набудам, лол монда, итоаткорона аз паси соҳибхона ба меҳмонхонаи барҳавояш даромадам. Меҳмонхонаи отун начандон калон, аммо ботартибу зебо ва ниҳоят тозаю барҳаво будааст. Мебел ва дигар ҷиҳози хона аз даврони шўравӣ боқӣ монда бошад ҳам, наппа нав менамуд ва аз кадбонуи эҳтиёткор будани соҳибхона дарак медод.

Ятимдухтари нозанин
-Номи аслии ман Танноз аст. Он замон ман ҳамагӣ 15 сол доштам,-оҳи сарде кашида ба нақли худ шурўъ намуд отун,-Азбаски падару модарам бармаҳал вафот карда буданд, дар хонаи бачагон ба воя расидам. Баъди хатми мактаб моро аз хонаи бачагон ҷавоб доданд. Росташро гӯям, чандон шавқу ҳаваси хондан надоштам, барои ҳамин мисли дигар ҳамсолонам барои ба ягон донишгоҳ дохил шудан талош накардам. Духтари дар ҳақиқат зебо будам. Рӯйи барфсон сафеду чашмони кабуд ва абрувони пайвастаю мўйи тиллоранги ба пошнаи туфлиҳоям баробарам «ман» мегуфтагӣ ҷавонмардонро волаю шайдо мекард.

Ишқи «шеф»-и пир
Азбаски ҷойи рафтан надоштам, ба тарабхонаи сари роҳ коркобӣ даромадам, вале даҳонамро во накарда дарбон маро назди шефи ресторан бурд. Сардор маро дидан замон сабру қарор аз даст дод, забонаш бо дидани ҳусну ҷамоли беназири ман лол гашта ба дарбон ишорат кард, ки моро танҳо гузорад. Ишқ ба пирию ҷавонӣ кор надоштааст, шефи тарабхонаро пояш ба лаби гӯр расида бошад ҳам, бо дидани ман инони ихтиёрашро аз даст дод ва баробари аз дар баромадани дарбон дар наздам ба зону зада пурсид:

-Ту инсӣ, ҷинсӣ, париӣ ё фарзанди одамизод?
Ҷавону хом будам, содалавҳона гуфтам:
-Ман одам, аммо падару модарамро намешиносам. Аз замоне, ки худро шинохтам, дар сағерхона будам…

Инро гуфтаму бори аввал дар умрам дарк намудам, ки бадбахттарин одами рӯйи замин ҳастам. Дилам аз алам пур шуда дар чашмонам ашк ҳалқа зад.
-Боке нест, падару модар дар ин дунё барои ягон кас сутун намешаванд. Падару модари ҳама як рӯз не, як рӯз аз дунё мегузаранд. Тақдири ту дар дасти худат аст, агар хоҳӣ, соҳиби хонаю дари обод мешавӣ?- сардор дасти маро ба дасташ гирифта навозиш кард.

Ҳайрон шуда пурсидам:
-Соҳиби хонаю дар мешавам? Нафаҳмидам, чӣ тавр?
-Ҳамсари ман мешавӣ. Ман туро малика мекунам. Дар тиллою танга ғутта мезанӣ, зани занон мешавӣ. Фақат не нагӯй,-шефи ресторан чунон зорӣ мекард, ки гӯё риштаи ҳаёту мамоташ дар дасти ман бошаду агар не гӯям, ҷонаш аз тан мебарояд.

Фикр накарда розӣ шудам. Андеша накардам, ки охир ин мардак пир аст, имрўзу пагоҳ мемурад, баъд аҳволи ман чӣ мешавад. Дар сари ман он вақт танҳо як андеша буд, бигзор вай маро зани дуюм бигирад, вале хона харида диҳад, то сарпаноҳе дошта бошам. Хона дошта бошам, хор намешавам, шавҳарам ду рӯз баъди хонахарӣ мурад ҳам, дигар ғам надорам, кайфу сафо карда мегардам…


(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД