Салом! Ман донишҷӯ ҳастам ва мехоҳам аз хонандагони рӯзгордидаи сомона маслиҳат бипурсам.
Дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишварамон таҳсил мекунам. Духтари 22-сола ҳастам. Зодгоҳам дур аст,аз ҳамин сабаб се сол дар хобгоҳи донишгоҳамон зиндагӣ кардам. Мутаассифона, имсол хобгоҳ гирифта натавонистам ва маҷбур шудам, ки дар иҷорахона зиндагӣ кунам. Дар маҳаллаи 82 квартира гирифтам. Азбаски имконияти иқтисодиам чандон хуб набуд, ҳамроҳи як зани дигар, ки ду кӯдак дорад, дар як хона иҷора нишастам. Аввалҳо муносибати ҳамхонаам бо ман хуб буд, вале баъди оне, ки ба кори дигар гузашта, пулдор шуд, нағмаҳои нав бароварда, ҳар рӯз маро азоб медодагӣ шуд.
Дар моҳи шарифи рамазон низ ин зан ҳар бегоҳ аз таги нохун чирк кофта, барои ҳар як майда-чӯйда чанг мекофт ва дар ҳаққи падару модари ман гапҳои носазо мезад.
Азбаски донишҷӯ ҳастам, ба хотири дарсам ба ҳамааш тоқат мекардам, вале ба қавли маълум ин зан аз ҳад гузаронд.
Маҷбур шудам, ки иҷорахонаи дигар гирифта равам, вале он зан то ҳол маро ба ҳоли худам намегузорад. Таҳдид карда истодааст, ки ба донишгоҳ рафта “ин духтар аз хонаи ман 5 ҳазор сомонӣ дуздид” гуфта, маро туҳмат мекунад. Мегӯяд, ки ман то туро аз донишгоҳ хориҷ ва шармандаи олам насозам, ором намегирам.
Хулоса, иҷора нишаста ба худам дарди сар харидам. Илтимос, маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Бо кадом роҳ аз дасти ин зани туҳматчӣ халос шавам? Оё барои туҳмат касро ба ҷавобгарӣ мекашанд? Умуман шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, тоқат карда гардам ё аз болои ин зан шикоят кунам?