Sebiston new 2024 october
Куштори ваҳшиёнаи 8 донишҷӯ дар донишгоҳ
5603


Тимур Бекмансуров субҳи 20-уми сентябр бо либоси ҳарбӣ аз силоҳи оташфишон тирпарронӣ карда, сипас ба бинои ҳаштуми донишгоҳ ворид шуда, 8 нафарро парронд...
Дар Донишгоҳ фоҷиаи хунине рӯй дод, ки аз шунидани тафсилоташ ба тани кас мурғак медамад. Сари субҳ 8 нафар донишҷӯёни бегуноҳ ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.

Ин ҳодисаи хунин субҳи имрӯз дар Донишгоҳи Перм рӯй додааст. Тавре ки Медуза.ио менависад, қотил аз силоҳи Huglu на камтар аз 30 тир холӣ кардаааст.
Қисме аз донишҷӯёни ба ваҳшат афтода аз тарси ҷон худро аз тиреза берун партофтанд, гурӯҳи дигар дари синфхонаҳоро аз дарун маҳкам карда, сангар гирифтанд.
Бар асари тирпаронӣ дар донишгоҳ 8 нафар донишҷӯён ба ҳалокат расидаанд.
Шахсе, ки ба донишҷӯён ҳамла намуд, донишҷӯи ҳамин дошитгоҳ буда, аллакай аз ҷониби кормандони пулис боздошт гардидааст.
Дар ҷараёни боздошт ӯ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, захм бардоштааст.
Тибқи маълумоти манбаҳои хабарӣ Тимур Бекмансуров дар факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ таҳсил мекардааст.
Ин ҷавони ташнаи хун пеш аз даст задан ба қатли донишҷӯён дар саҳифаҳои худ навиштааст, ки рафтори ӯро амали террористӣ наҳисобанд, зеро вай узви ягон созмони террористӣ нест.
Дар навиштаи ӯ чунин зикр шудааст: “Худро чашми дидан надорам, лекин ба ҳамаи касоне, ки сари роҳам меистанд, зарар расонидан мехоҳам”.
Ӯ муфассал дар бораи чӣ тавр аз назорати табиби руҳшинос гузаштанаш, харидани силоҳ ва омодагӣ ба ҳамла маълумот додааст. Нахуст ӯ ба мактабе, ки қаблан дар он таҳсил мекардааст, ҳамла кардан мехост, лекин охири моҳи моҳи март тасмимашро тағйир дода, нақшаи аз донишҷӯён интиқом гирифтанро кашидааст.
“Мактаб ҷойи хеле нофорамест, ки 10 дақиқаи охири ҳаёти худро дар он гузаронӣ”-навиштааст Тимур Бегмансуров.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД