Arzon march 2024
КУШТОРИ ОДАМ БАРОИ САГ ДАР ДУШАНБЕ
1992


Додситонии кулли Тоҷикистон баъди қариб ду сол аз ҷазо гирифтани Ҳикматулло Мақсудов хабар дод.

Ба иттилои додситонӣ, Мақсудов барои дашном додани саги Азамат Набиҷонов кушта шудааст.

Азамат Набиҷонов соли 2019 аз “Зоомагазин” саг харида, номашро “Ҷесика” гузоштааст. Рӯзи 19 июли соли 2019 вай ҳамроҳи сагаш ба сайру гашт баромада, занҷири сагро мекушояд. Бадбахтона, он рӯзи наҳс Ҳикматулло Мақсудов низ дар ҳамон минтақа сайругашт дошт. Вай дар ҳолати мастӣ ба сӯйи саги Азамат Набиҷонов санг партофта, дашном додааст. “Набиҷонов аз ин рафтори Мақсудов ба ғазаб омада, бо занҷири дасташ якчанд маротиба ба сару рӯйи Мақсудов мезанад ва дар натиҷа ҷабрдида бар асари ин зарбаҳо ҳалокат мерасад.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Азамат Набиҷоновро дар куштор гунаҳкор дониста, ба ҳабс маҳкум намудааст, вале чанд сол зиндон шудани ин марди сагдӯст маълум нест.
Манбаъ: Спутник

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД