Бепарвоии волидон дар тарбияи фарзанд ва аз назорат дур мондани ноболиғон боиси авбошу кӯчагард шудани насли наврас ва сар задани занозанию муноқишаҳои хунин дар байни ҷавонон мегардад. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани боз як моҷарои хунин дар байни ноболиғон хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаи мӯътамад, ҳодиса рӯзи 20-апрел, тахминан соатҳои 18.30-и бегоҳ дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқуъ пайваста, шахсони номаълум ҷавони 24-соларо корд задаанд. Ҷабрдида бар асари захми корди ба синааш халида ҷон додааст. Мақомот ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷинояти вазнин аллакай 4 нафарро дастгир намудаанд, ки се нафарашон ноблиғон мебошанд.