Arzon march 2024
Куштор дар назди бинои Маркази савдои “Душанбе”
7539


Коста шудани тарбияи ахлоқӣ ва бепарвоии падару модарон нисбат ба фарзандонашон боиси аз назорат дур монда, шабгард, кӯчагард ва авбошу ҷинояткор шудани насли ҷавон мегардад. Кӯчагардӣ ба сари ду ҷавони тоҷик фоҷиа оварда, якеро ба зери хоки сард ва дигариро ба кунҷи зиндон бурд.
Вазорати умури дохилӣ аз содир шудани боз як ҷинояти вазнини куштор дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

 

Ҳодиса шоми 18-август, тахминан соатҳои 21.50 дар назди Маркази савдои “Душанбе” сар зада, як ҷавони 18-солаи сокини пойтахт бе сабаб ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи Фирдавсиро корд задааст.
Ҷабрдида бар асари захми корд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷавони 18-сола ҳамчун гумонбар дар куштор боздошт шудааст.
Маъмулан ҷавонон бештар аз рӯйи духтарон аз ҳиссиёти рашк ҷангу ҷанҷол ва кордзанӣ мекунанд, вале маълум нест, ки дар ин қазия пойи зан ё духтаре дар миён ҳаст ё не.
Тафтишоти сабабҳои ҳодисаи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД