Сартарошхонаҳои Бритониё барои одамоне, ки ҳангоми гирифтани мӯй намехоҳанд бо онҳо касе суҳбат кунад, "курсии ором" доранд.
На ҳама мехоҳанд, ки ҳангоми ороиши мӯй дар сартарошхона суҳбат кунанд. Ин аст, ки чанде аз салонҳо дар Британияи Кабир барои онҳое, ки мехоҳанд дар вақти ороиш мусиқӣ гӯш кунанд ва ҳатто хоб раванд, “курсии ором”-ро ҷорӣ кардаанд.
Гузашта аз ин, агар шумо ба сартарошхона даромадаву дар чунин курсӣ нишинед, ҳеҷ кас аз шумо хафа намешавад. Зеро, ҳама ба чунин андеша қоиланд, ки баъзан инсон оромӣ мехоҳад.