formula55
Кумурдуздӣ дар Масчоҳ
2610


Бекорӣ, бепулӣ ва торафт боло рафтани нарху наво дар бозор боиси рӯз то рӯз зиёдтар шудани ҳодисаҳои дуздию ғоратгарию қаллобӣ гашта истодааст. Пештар ғоратгарон танҳо мошин, пул ва тиллою бриллиант барин чизҳои қимматбаҳоро медуздиданд, вале кор ба ҷое расидааст, ки акнун орду равған, картошкаю пиёз ва ангиштсангро ҳам медузданд. Бовар намекунед? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
Вазорати умури дохили кишвар аз содир шудани як ҷинояти дуздии ангиштсанг хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, роҳбарияти ҶДММ «Қудрат-2010» ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Масчоҳ муроҷиат намуда, аз ба яғмо рафтани 48 тонна ангиштсанг дар як шаб хабар додаанд. Зарари расонидашуда 27 ҳазору 840 сомониро ташкил дода, аллакай 6 нафар мардони аз 25 то 34-сола, ки сокинони ҷамоати деҳоти Иван тоҷики кӯҳистони Масчоҳ мебошанд, ҳамчун гуморбар дар дуздии ангишт боздошт шудаанд. Нисбати ин гурӯҳ бо қисми 2-и моддаи 244 -и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишоти қазияи ангишт идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД