arzon replenishment
Кулоҳи Наполеонро 2 миллион доллар фурӯхтанд
558

Кулоҳи беназире, ки онро дар Фаронса «Бикорн» ё дукунҷа меноманд ва онро дар давраи ҳукмронияш Наполеон Бонапарт ба сар мепӯшид, дар музоядаи Фонтенблю бо нархи 2,1 миллион доллар (1,93 миллион евро) ба фурӯш рафта, соҳиби рекорд гашт.

Нархи аввалаи он 600.000-800.000 евро буда, ин кулоҳи дуқӯша яке аз 20 кулоҳҳои Наполеон аст, ки пайваста мавриди истифода қарор дошт. Бояд гуфт, коллексияи пурраи кулоҳҳои Наполеон 120 ададро дар бар мегирад. Тибқи қоидаҳои соли 1811 Наполеон бояд ҳамеша бо худ 12 кулоҳ медошт. Боз як кулоҳи дигар, ки дар муҳорибаи Маренго соли 1800 дар сари Наполеон буд, дар музояда бо нархи 1,88 миллион евро фурӯхта шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД