Sebiston new 2024 october
“Куллиёти Мавлоно” ба ганҷинаи Юнеско дохил шуд
515

Бо пешниҳоди Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Узбекистон «Куллиёти Мавлоно» ба рӯйхати мероси умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ин қарор санаи 24 май ироа гардид.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоир, файласуф, олим, яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар асри XIII буда, эҷодиёти ӯ имрӯз барои кулли ҷаҳон аз арзишмандтарин осор ба ҳисоб меравад. Ҳамасола ба хотири гиромидошти ин чеҳраи намоёни адабиёти форсу тоҷик санаи 30-сентябр “Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” таҷлил гашта, симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ гузаронида мешаванд.

"Дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд.
Ёдрас мешавем, ки дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи хеле баланд таҷлил гардид, ноҳияи Колхозобод ба номи Ҷалолуддини Балхӣ гузошта шуд".

Дар маркази ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ муҷассамаи ин шоир ва мутафаккири бузург гузошта шудааст. Инчунин дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва донишмандони шинохтаю мавлоношиносон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД