Маҳсулоти лозима:
150 г панири дилхоҳ, 2 стакон орд, 1 стакон кефир, ½ қошуқча шакар, ½ қошуқча намак, ½ қошуқча сода.
Тарзи таҳия:
Кефири гармро ба зарфи чуқур андохта, ба он шакару намак ва сода илова карда, муддати 5 дақиқа нигоҳ доред.
Панирро аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронида, бо орд ба кефир илова кунеду хамир омода созед. Хамирро ба 5 қисми баробар ҷудо карда, аз ҳар кадомаш кулча созед.
Кулчаҳоро бо навбат дар тоба муддати 2-3 дақиқа сурх кунед. Мувофиқи табъ метавонед ба хамир кабудиву ҳасиб илова кунед.