Маҳсулоти лозима:
120 грам – равғани маска
40 грам – равғани растанӣ
1 дона – тухм
60 грам – хокаи шакар
50 грам – крахмали ҷувворимакка
10 грам – маводи кововккунанда
8 грам – ванелин
270 грам – орд
Тарзи таҳия:
Дар зарфе равғани маска, ним стакон равғани растанӣ , тухм, ним стакон хокаи шакар, 2 қошуқ крахмали ҷуворимакка, ванелин, маводи ковокунанда ҳамаи онҳоро хуб омехта мекунем ва орд илова карда бо дастамон ғел мезанем. Ордро оҳиста илова мекунем, ки хамир сахт нашавад. Хамирро ду тақсим мекунем. Дар зери зувола қоғаз монда хамирро тунук мекунем. Бо қолабак ё стакон мебурем. Байни як қисмашро бо қолабаки хурд мебурем. Ба қолаб равған молида ба он қоғази пергамент тунук мекунем ва кулчақандҳоро дар он мегирем. Дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 15 дақиқа мепазад. Кулчақандҳо ки пухтанд онҳоро ба тарафи дигар мегардонем ва мураббои зардолу ё клубник истифода мекунем ва кулчақандҳои дигарро аз болояш мемонем ва хокаи шакар мепошем. Мураббо бояд ғафс бошад намудаш муҳим нест. Тайёр карданашон хеле осон ва шавқовар аст.